loader

Далелҳои тааҷҷубовар дар бораи чархболҳо  21.03.2019

 

Чархбол – дастгоҳи беназири парвозкунандае, ки нисбат ба ҳавопаймо хеле зиёд функсиалӣ мебошад. Он иҷрои вазифаҳои гуногунро қобилият дорад ва дар ҳолатҳои гуногун истифода карда мешавад. Дар маколаи мазкур мо дар бораи ин киштии аҷоиби ҳавопаймоӣ як чанд далелҳои шавқовареро, ки аз он шумо хабар надоред, манзуратон пешкаш менамоем.

Кашшофони нахустин

Бунёд кардани чархболҳоро одатан бо Леонардо да Винчи ва пас бо Игор Сикорский ва Мил вобаста мекунанд. Ва шахсони кам номи Пол Корнюро шунида буданд. Аммо, маҳз ин фаронсии ҷасур тавассути киштии ҳавоӣ нахустин ба ҳаво баромада буд. Зимнан Пол механики велосипедҳо буд ва чархболи ӯ каме маҳз ба велосипед монандӣ дошт. Новобаста аз ин, ӯ онро мустақилона тарҳсозӣ карда, тасодуфан 50 сантиметр боло аз замин канда шуд ва педалҳои чархболи дастисохтро чарх занонида, 30 сонияи дароз дар ҳаво қарор дошт. Мутаассифона, бо ҳамин озмоиши ӯ ба итмом расидааст, зеро ихтироъкор такмил додани мошинаи мазкуро ғайримақсаднок ҳисоб кардааст.

Боз як «чархболчии» номашҳур ихтироъкор Томас Эдисон буд. Ӯ бисёр чизҳои фоиданокро бунёд кардааст ва ба «мошинаи паррақанорӣ» низ таваҷҷуҳ зоҳир намуда буд. Бо ақидаи тарҳсоз киштии ҳавоӣ бояд тавассути борут парвоз мекард. Аммо, зимни озмоишҳо таркишҳои зиёди ғайринақшавӣ ба вуҷуд омадаанд, ки як қисми коргоҳи Эдисон вайрон гардид. Қариб ба ҳалокат расида, Элисон аз чунин озмоишҳо даст кашидааст.

 

Чархболсозӣ дар Россия

Чӣ тавре маълум аст, билохир чархболҳо дар Россия пайдо гардидаанд. Номҳои Сикорский, Юрев, Мил ба ҳама маълум мебошанд. Вале, бо кадом сабабҳои нофаҳмо имрӯз бисёриҳо фикр мекунанд, ки пешсафи соҳаи чархболсозӣ Амрико мебошад. Ва беасос! Аз ҳама миқдори зиёди киштиҳои ҳавопаймоии мазкур то ба айни ҳол дар Федератсияи Россия истеҳсол карда мешавад ва онҳо ба бисёр кишварҳои ҷаҳон, минҷумла ба худи ҳамон ИМА, содирот карда мешаванд.

Зимнан, чархболи-амфибияи нахустин низ дар ИҶШС бунёд гардида буд. Киштии ҳавоӣ шассии заврақчавиро дошт ва ба болои об фурудоӣ карда метавонист. Як чанд навъҳо таҳия гардида буданд. Аммо, тарҳҳо ва конструксияҳои чархболи мазкур гум шуда буданд ва онҳоро барқарор карда натавонистанд.

 

Барои чӣ Аморат машҳур гардидааст

Майдончаи чархболии дар ҷаҳон аз ҳама баланд дар Аморати Араб қарор дорад. Он дар болои боми бино дар баландии сесад метр мавқеъ гирифтааст. Тааҷҷубовар аст, ки ин лоиҳаи ҷасурро ҷавондухтари меъмор таҳия намудааст. Акнун чархболҳо дар болои халиҷи Форс парвоз карда, рост ба болои иморати осмонхарош фурудоӣ мекунанд. Сайёҳони бисёр ба ин ҷо махсусан барои ба саёҳати ҳавопаймоӣ сафар кардан меоянд.

 

Тезтар, болотар, зӯртар

Акнун дар бораи рекордҳои чархболӣ сухан мекунем. Ҳамаи онҳо ба мошинаҳои Россия тааллуқ доранд, ки далели мазкур низ ифтихори воқеъӣ аст.

Рекорди суръатро дар асри ХХ тавассути Ми-2-и достонзеб дар соли 1963 ноил гардида буданд. Рекорд 254 км/с-ро ташкил дода буд, ки аз ҷиҳати меъёрҳои имрӯза ин рақам низ хеле хуб мебошад. Сарнишинони занҳо аз ҷумлаи экстремалҳо пас аз ду сол комёбии мазкурро гузаронда, бар мардон ғолиб омадаанд ва дар зимни ин суръати 269 км/с-ро нишон додаанд.

Оё андоза аҳамият дорад? Барои тарҳкашони чархболҳо – бале! Навъи аз ҳама калони Ми-12, ки бо муваффақият дар соли 1968 парвоз кардааст, 70 тонн вазнро дошт! Чархбол бо суръати 260 км/с ба масофати то 1000 километр парвоз карданро қобилият дошт. Навъи мазкурро барои интиқол додани қисмҳои ракетаҳои баллистикӣ ва дигар борҳои бузург бунёд карда буданд. Дар натиҷа «вазнабардор» ба осмон ба баландии 2,2 километр 44,2 тонна борро бардоштааст. Амрикоиҳои таъсирпазир ҳатто барои чунин комёбӣ БМТ Мил-ро муқофотонида буданд. Имрӯз чархболи азим дар осорхонаи авиатсионӣ дар Монино қарор дорад, зеро зарурияти истифодабарии он бартараф шуд.

Рекорди Ми-12-ро дигар Ми, яъне 26-ӯм, гузаронидааст. Дар соли 1982 чархбол ба баландии ду километр 56 тонна борро бардошта буд. Як маротиба чархбол дар амалиёти наҷотдиҳии катер иштирок кардааст. Киштии баҳрӣ бо вазни 18 тонн дар тунукоба дармонда буд. Ми-26Е-и ҷасур киштиро ба овезаи берунаш часпонда гирифта, ба болои ҳаво бардошт ва ба чуқурии об гузаронидааст.

 

Дар ҷаҳони ҳайвонот

Дар соли 1982 пас аз низоъи ҳарбии англисӣ-аргентинӣ қиссаи пенгвинҳои ҷазираҳои Фолкленд пайдо гардида буд. Дар тамоми ҷаҳон овозаҳо паҳн шудаанд, ки паррандаҳои шимолӣ аз сабаби чархболҳо ҳалок шуда истодаанд. Савол ба миён меояд, ки мошинаҳои парвозкунанда нисбати пенгвинҳо чӣ гуна зарар расонидаанд? Гуфта буданд, ки онҳо ғулғулаи муҳаррикро шунида, сарро ба боло мебардоштанд, пас ба пушт меафтоданд ва гашта хеста рост шуда наметавонистанд.

Маълумот бо тезӣ паҳн мешуд ва тафсилҳои навро пайдо мекард. Билохир бофта буданд, ки гӯё дар ҷаҳон як касби нав – «чаппакунаки пенгвинҳо» пайдо гардидааст: тибқи ин сафсата «мутахассисони» мазкур ба ҷазираҳо сафарбар мешуданд, то ки паррандаҳои бечораро ба пой бардоранд. Дар Британия аз «мушкилии пенгвинҳо» ин қадар ташвиш кашида буданд, ки барои санҷиши далелҳои марги паррандаҳо ва дар вуҷуди зарурият – наҷот додани онҳо, ҳатто биологҳо ба ҷазираҳо фирсонда шудаанд. Хушбахтона, экспедитсия ягон пенгвине, ки аз сабаби ғулғулаи чархболҳо ба ҳалокат расида буд, ошкор накардааст.

Вале, ҳодисаи воқеъии наҷотдиҳии ҳайвон дар соли 2014 дар Арктика рӯй дода буд. Хирсчаи майдаяки сафедро аз канори чархболи Ми-8 ошкор гардидаанд. Низомиён майдаяки хасташудаеро, ки эҳтимолан модарашро гум кардааст ва аз гуруснагӣ қариб ба ҳалокат расидааст, бардошта бо худ гирифтаанд. Онро ба мамнӯъгоҳ оварда, номи Умка-ро додаанд, хирсча то ба имрӯз дар онҷо зиндагӣ дорад.

Микро-чархболҳо

Дар сурати шунидани калимаи «чархбол» дар пеши назари ҳар як фард мошинаи калони серовоз пайдо мегардад. Аммо дар ҷаҳон навъҳои микро низ вуҷуд дорад, ки дар бораи онҳо аксарият одамон ҳатто дарак ҳам надоранд. Инро фаҳмидан мумкин: зеро мошинаҳои мазкурро дар кашфи ҳарбӣ истифода мебаранд.

Ин «майдаякҳо» – аз чархболи бозича хурдтаранд. Навъи норвегиявии Prox Dynamics танҳо 15 грамм вазн дорад ва андозаи он – 10 х 2.5 сантиметрро ташкил медиҳад. Вале майдаяки мазкури бепилотӣ ҷиҳати парвоз ба масофати як километр, дар болои ҳаво ним соат қарор доштан ва бо суръати 30 км/с ҳаракат кардан қобилият дорад, дар зимни ин корҳои ҷустуҷӯӣ, бааксгирии маҳал ва ҷамъкунии маълумотҳо дар бораи душман иҷро менамояд. Чунин кошифон бо муваффақият дар Афғонистон санҷида шудаанд ва айни замон онҳоро қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои гуногун бисёр харида истодаанд.

Агар дар бораи чархболи идорашавандаи аз ҳама хурд сухан кунем, пас ба китоби рекордҳои Гиннес «ҷопон»-и GEN H-4 ворид шудаааст. Вазни он танҳо 70 килограммро ташкил медиҳад, яъне вазнаш ба вазни сарнишин баробар мебошад. Аммо, чархбол омода аст, ки то 300 килограмм борро бардораду интиқол диҳад. Дар зимни ин, ба туфайли ду парраҳои чорметра, он бо суръати назарраси 100 км/с то ба 60 дақиқа дар ҳаво қарор дошта, парвоз карда метавонад. Ба ақидаи коршиносон идораи чархбол хеле осон мебошад ва пас аз такмилдиҳии ночиз «хурдтарак» эҳтимолан ба истифодабарии ҳамаҷонибаи гражданӣ ворид шуда метавонад!

 

Муаллиф: Николай Данилов

 

cofradmin

0
Купить самолет

Copyright - vertolet.eu