loader

Мо сию панҷ соли таҷриба ва муҳаббати хешро барои таъмини парвози боҳаловат тавассути чархболҳои сабуктарин бо нархҳои дастрас бахшидем.

Нархи муфид

Чархболи сабуктарин H3 EasyFlyer Sport – дар оғози фатҳи бозори авиатсияи сабук қарор дошта, барои ба бестселлери нав мубаддал гаштан, ҳамаи имкониятҳоро дорад.

Интиқоли таъҷилӣ

Сабуктарин чархбол H3 EasyFlyer Sport баъди якчанд ҳафтаи фармоиши Шумо сохта мешавад ва Шумо бо чархболи шахсии нав сохташудаи худ аз парвоз ҳаловат мегиред.

Услуби муаллақ

Чархболи сабуктарин H3 EasyFlyer Sport, ки ба осонӣ сохта мешавад, барои парвозҳои машқӣ, вақтхушӣ ва фаъолияти авиатсионӣ муфид аст.

Чартер ва иҷораи чархбол

Интиқоли чархболӣ дар Аврупо сол аз сол маъмул шуда истодааст: мусофирон нисбат ба намудҳои нақлиёти муқаррарӣ чархболҳоро интихоб карда истодаанд. Барои чӣ парвози чархболӣ ҷолиб ва ба куҷо тавассути ғайриоддӣ расидан мумкин аст?

Чартер и аренда вертолетаПарвозҳои чартерӣ тавассути чархбол айни замон барои аксарияти сайёҳон ва соҳибкороне, ки ба қадри вақт ва соҳибихтиёрӣ мерасанд, бисёр муфид ва маъмул гашта истодааст. Дар ҳақиқат, ин намуди интиқол дар Аврупо бисёр босуръат ва қулай аст: масалан, Шумо дар Фаронса барои истироҳат қарор дошта, дар лаҳзаҳои кӯтоҳтарин барои аёдати дӯстон ё иштирок дар сайёҳати ҷолиб ба Итолиё парвоз кунед.

 

Ғайр аз он, агар Шумо бо соҳибкорӣ дар Аврупо машғул бошед, аз чартер тавассути чархбол истофода бурда метавонед. Музокироти таъҷилӣ? Вохӯриҳои ғайричашмдошт? Такси тавассути чархбол Шуморо то суроғаи зарурӣ мерасонад ва бароятон ёрдамчии ивазнашаванда дар кор аст.

Хизматрасонии фармоиши таксии чархболӣ аз фурудгоҳ то кӯшк дар Фаронса ё Монако маъмул аст: бо чунин хизматрасонӣ мусофироне, ки аз интизории автобус ё тамбашавии роҳ хаста шудаанд, истифода мебаранд.

Иҷораи чархбол дар интиқол озодӣ бахшад ва дар назди Шумо имкониятҳои бемаҳдудро мекушояд. Ба ихтиёри худ киштии ҳавоӣ бо ҳайати парвозии ботаҷрибаро гирифта, Шумо соҳиби комилҳуқуқи ҳолати кунунӣ мегардед: сана, вақт ва хатсайри парвозро худатон муайян менамоед. Дар давоми рухсатӣ, ба мӯҳлати тӯлонӣ чархболро ба иҷора гирифта, Шумо метавонед аз парвозҳои ҳаррӯза ба осоишгоҳҳои беҳтарини Фаронса ва Монако ҳаловат гиред, инчунин, ба дигар кишварҳои аврупоӣ сафар намоед.

Бояд донист, ки майдончаҳо барои чархболҳо воқеан дар ҳама шаҳрҳо мавҷуданд, бино ба ин Шумо метавонед ба мавзеи дилхоҳ парвоз кунед. Бар замми он, аз баландии парвози паррандаҳо, Шумо метавонед манзараҳои ҷаззоби аврупоӣ – қисмати фаронсавии Алп, талу теппаҳо, майдонҳои лавандазори Прованс, Соҳили Лоҷвардӣ, димнаи Итолиёи қадим, Монакои кучак тамошо кунед.

Соҳибкасбон фаъолият доранд!

Ширкати «Кофранс» – брокери бузургтарини ҳавоӣ бо дафтари кории марказӣ дар Нисса маҳсуб меёбад. Cofrance аъзои ташкилотҳои бонуфузи EBAA ва NBAA мебошад, ки оиди эътимоди комил ва кордонии кормандони ширкат шаҳодат медиҳад.

Айни замон «Кофранс» дар тӯли зиёда аз ҳафт сол аст, ки маҷмӯи хизматрасониҳоро анҷом медиҳад, алалхусус, парвози чархболҳо бо хатсайри Монако-Нисса ва самтҳои мухталиф, иҷораи тамсилаҳои чархболҳои муосирро пешниҳод карда, сайёҳати манзаравӣ ва ҷолибро тавассути чархболҳо таҳия менамояд.

Аксарияти мизоҷони «Кофранс» ба хизматрасониҳои таксии чархболӣ бо хатсайри Нисса – Монако таваҷҷӯҳи бештар доранд. Барои чӣ ҳамин хатсайр бисёр маъмул гаштааст? Воқеан, Монако – давлати кучак буда, наздикии Фаронса ҷойгир аст. Дар Нисса мусофирон истироҳат карда, ба князигари барои шиносоӣ бо ҷойҳои тамошобоб ва хушҳолӣ тавассути чархбол бо хатсайри Монако-Нисса парвоз карда, боз ба Фаронса бармегарданд.

Ҳамкорӣ бо «Кофранс» бисёр осон аст: ба рақами ба Шумо қулай занг занед (дар Маскав, Санкт-Петербург, Киев, Алма-Ато, Нисса) ё ба дафтари корӣ дар Нисса ташриф оваред ё фармоиши хешро дар сомонаи мо ҷойгир кунед. Корманди ширкат барои Шумо роҳбалади шахсиатон дар олами авиатсия мегардад: барои интихоби Шумо якчанд вариантҳои чархболро пешниҳод менамояд, дар бораи аз баландии парвози паррандаҳо ҷойҳои тамошобоби ҷолиби диққат нақл карда, сана ва вақти парвозро муайян менамояд.

Нархномаи «Кофранс» барои чартер ва иҷораи чархбол – нисбат ба бозор миёнаарзиш арзёбӣ мегарданд ва ҳамкорӣ бо ширкат ба Шумо таносуби беҳтарини нархҳо ва сифати хизматрасонӣ пешкаш карда мешавад.

Бехатарӣ аз ҳама афзал аст!

Дар Cofrance ҳамеша ба бехатарии парвозҳо таваҷҷӯҳ мекунанд ва кӯшиш менамоянд, ки ҳамаи талаботи мизоҷон қонеъ гардад. Бино ба ин, ҳамаи чархболхое, ки бо «Кофранс» кор мекунанд, мунтазам аз ташхиси техникӣ ва аъзоёни ҳайати парвозӣ – аз курсҳои такмили ихтисос гузронида мешаванд.

Брокери ширкати ҳавоии Cofrance: танҳо бо баҳои «аъло» кор мекунем!

 

VK
Facebook
Twitter
Google+
LiveJournal
LinkedIn
Купить самолет

Copyright - vertolet.eu