loader

Чархболҳои нахустин 20.03.2019

 

 

Ақидаи бунёд кардани чархбол ҳоло дар асрҳои аввалини замони милодӣ пайдо гардида буд. Масъалан, дар Хитой як бозича дар намуди чӯбчаи паррадор вуҷуд дошта буд. Онро бо даст тоб дода, ба боло мепарронданд. Чӯбча як чанд сония парвоз карда, ба замин меафтод.

Конструксияи ҷиддитарро Леонардо да Винчии номдор ихтироъ намудааст. Дар расмҳои ӯ лоиҳаи дастгоҳи парвозкунандае, ки ба туфайли парра ба боло баромада метавонист вуҷуд дорад. Вале, аз рӯи ақидаи муаллиф, парраро бояд шахси боқувват тоб медод, аз ин лиҳоз мошин пурра механикӣ буд.

Олими бузурги Россия Михаил Ломоносов коркарди чархболро давом додааст. Аллакай, на дар болои қоғаз, балки сохти аввалини дастгоҳи парвозкунандаеро, ки худ дар соли 1754 ихтироъ кардааст, воқеъан бунёд намудааст. Мошинаи аэродинамикии ӯ ба боло баромада муддати як чанд сония парвоз карда метавонист. Эҷодкунанда нақша дошт, ки мошинаи мазкур барои чен кардани ҳарорат дар қабатҳои болоии атмосфера истифода карда мешавад. Сохт ду парраеро дошт, ки ба тарафҳои гуногун чарх мезаданд.

Дар асри XIX

Ба ақидаи зикршуда пас аз як аср дар Фаронса баргашта буданд. Олимон Бьенвеню ва Лонуа ҷиҳати бунёд кардани дастгоҳи парвозкунандае, ки аллакай намуд ва, ҳатто, баъзе хусусиятҳои техникии чархболи одатии моро зоҳир мекард, фаъолона корбарӣ мекарданд. Баъдан барпо додани «мошинаи мӯъҷизаовар»-ро муҳандисон Форланини, Пено, д’Амекур, Кэйли кӯшиш мекарданд.

Дар соли 1963 боз ихтироъкори дигар Ланделл як мошинаро бунёд намудааст, ки номи «аэронеф»-ро дошт. Мошинаи мазкур парраҳои болобардореро, ки ба сутунҳо васл карда мешуданд, ва қанотҳои васеъро доштааст. Муҳаррики электрикии нахустинро барои дастгоҳи парвозкунанда олими Россия Лодыгин таҳия намудааст. Дар натиҷа, ба дастранҷи офаридашуда номи «электролет»-ро бахшидаанд.

 

 

Асри ХХ

Дар охири асри XIX – оғози асри XX бо чархболҳо дар Россия профессор Жуковский ва дар Фаронса, бошад, – Бреге ва Рише машғул буданд. Навъҳои бунёдшуда ба шакли амудӣ ба боло баромада, вақти муайян дар ҳаво қарор дошта ва ба замин баргашта метавонистанд.

Дар соли 1911 нахустин маротиба навъи чархболро олими Россия Игор Сикорский муаррифӣ намуд. Дастгоҳи ӯ на танҳо ба болои ҳаво баромада, балки парвозҳои кӯтоҳмуддатро иҷро карда метавонист. Ихтироъкори дигар, Борис Юрьев варианти якпарраро бунёд сохтааст, чархболи ӯ дар намоишгоҳи Москва медали тиллоиро ноил гашта буд.

Комёбии навбатиро аргентинӣ бо номи Пескар сазовор гашта буд. Дастгоҳи парвозкунандаи ӯ, ки дар соли 1923 бунёд шуда буд, дар болои ҳаво даҳ дақиқа қарор дошта, дар зимни ин дар баландии се метр ба масофати сесад метр парвоз карда метавонист. Паси як сол олим Эмишен чархболеро нишон додааст, ки дар болои ҳаво қарор дошта, чапа гашта, ақиб ҳаракат карда ва дар ҷояш муаллақ монда метавонист. Дарозии парвози он 120 метрро ташкил дод.

Дар соли 1930 рекордгузори нав пайдо гардид. Дар ин навбат ихтироъкори итолиёвӣ д’Асканио корнамоӣ кардааст. Ӯ навъеро созмон додааст, ки якбора 736 метрро аз худ кардааст. Каме пас чархболи ӯ аллакай як километр парвоз кард. Мувафаққиятҳои мазкур ҷиҳати такмил додани дастгоҳи парвозкунанда замина сохтаанд ва ба олимон илҳом бахшидаанд.

Дар баробари ин олим Игор Сикорский коркарди чархболро давом медод. Навъи навбатии ӯ соли 1939 ба вуҷуд омадааст. Новобаста аз он, ки ҳангоми озмоиши моҳи сентябр мошин ба замин афтида буд, ихтироъкор таслим намешуд. Дар соли 1940 ӯ дар даруни дастгоҳи парвозкунанда, бидуни таҷҳизотҳои эҳтиётӣ, худ ба боло баромада буд.

Чархболҳои нахустин бисёри вақт ба садамаҳо дучор мешуданд. Дар вақти ҷанг онҳоро кӯшиш мекарданд, ки фаъолона истифода баранд, ва аз ин сабаб мошинаҳои мазкур чун техникаи ҷангӣ эътироф ва қабул карда мешуданд.

Истеҳсолоти оммавӣ дар соли 1950 оғоз гардидааст, ки дар он вақт навъи маъруфи Ми-1, ки онро Мил ва Байкалов коркард менамуданд, ихтироъ гашта буд. Аллакай аз нимаи асри ХХ муайян карда шуд, ки чархболҳо бо мақсадҳои осудахотир фаъолона истифода шуда, вазифаҳои гуногунро иҷро карда метавонанд.

 

Муаллиф: Николай Данилов

 

cofradmin

0
Купить самолет

Copyright - vertolet.eu