Парвоз бо чархбол дар кӯҳҳо 20.03.2019
Аксарият барои парвоз ба кӯҳҳо чархболҳоро ба иҷора мегиранд. Мавзеи мазкур дорои хусусиятҳо буда, парвоз бо тартиби махсус ҷараён мегирад. Дар он ҷо микроиқлим ва ҷараёни ҳаво аз иқлим ва ҳавои дашт фарқ мекунад. Бино ба ин, на ҳама тамсилаҳо барои чунин сайёҳат мувофиқат мекунанд. Ҳатто мусофирон бояд баъзе нозукиҳоро донанд.
Ҳатто шамол дар мавзеи кӯҳӣ дигар хел мевазад. Агар дар дашт маҷрои шамол мувозӣ вазад, дар ин ҷо он метавонад амуди шуда, ба чархбол аз ҳар гуна кунҷу канор таъсир расонад. Дар қаторкӯҳҳо мавзеҳои турбулентияти ҷараёни ҳаво бисёр баназар мерасад. Бино ба тағйирёбии фишори атмосферӣ мавҷҳои ҳавоӣ бавуҷуд омада, аз ҳисоби намнокии зиёд дар қуллаҳои кӯҳҳо абрҳо пайдо мешаванд.
Чархбол дар кӯҳсор нисбат ба мавзеи ҳамвори дашт бо суръати суст парвоз мекунад. Ин бино ба миқдори зиёди тағйирёбии самти ҳаракат ва муҳаррики чархбол дар баландӣ бавуҷуд меояд. Сарнишини чархбол, бино ба ғубори ҳаво, аксарият бо нишондодҳои дастгоҳҳо самти парвозро муайян мекунад, баъзан ба ҳолати «фиреби назар» дучор шудан мумкин аст.
Бино ба тунукии ҳаво, иқтидори муҳаррик кам шуда, тавсифоти парвозии чархбол бад мегардад. Инчунин, самаранокӣ ва саҳеҳии дастгоҳҳо паст шуда, парвоз аз сарнишини чархбол бисёр вобастагӣ дорад.
Дар тангнои кӯҳҳо пастшавии босуръати фишори атмосферӣ мушоҳида мешавад. Суръати вазиши шамол дар он ҷо тадриҷан афзоиш ёфта, аксар вақт туман ва абрнокии зиёд мушоҳида мегардад. Дар натиҷа, намоёнии парвоз паст шуда, дар чунин мавзеъ ченакҳои дастгоҳҳо бад кор мекунанд, ки дар чунин вазъ сарнишинони чархбол ба мушкилиҳо дучор мешаванд. Дар ҳолатҳои бориши барф, жола ё тағйирёбии щиддатноки ҳарорати ҳаво, магар ҳоҷат ба баён аст? Дар чунин вазъ парвоз бисёр хатарнок аст.
Чӣ тавр ин мушкилотро бояд паси сар кард
Аммо мушкилоти дар боло зикршуда, на сарнишинон ва на мусофиронро аз парвоз боз намедорад. Одатан, дигар намуди ба кӯҳсор расидан мавҷуд нест – ҳатто дар мавсими зимистон, танҳо тавассути парвоз бо чархбол ба он ҷо расидан мумкин асту халос. Чархболҳо барои эвакуатсияи осебдидагон аз минтақаҳои офатзада, интиқоли беморон, борҳо ва мукотибот, иҷрои корҳои мухталиф, азназаргузаронии марзу ҳудудҳо кӯмак мерасонад.
Барои дар кӯҳсор тавассути чархбол парвоз кардан, сарнишинҳои чархболҳо ҳатман аз бозомӯзии иловагӣ мегузаранд, ки барои ҳар як сатҳи баландии парвоз бояд иҷозати алоҳида гирифта шавад. Агар то се ҳазор метр парвоз кунад, бояд барои ҳар як ҳазор метр иҷозатномаи алоҳида ва баъди қайди он, барои ҳар як панҷсад метр гузаштани аттестатсия зарур аст. Асосан, чархболҳо на зиёда аз панҷ ҳазор метр баландӣ парвоз мекунанд.
Ғайр аз иҷозати парвоз, сарнишини чархбол бояд соатҳои муайян парвоз карда, соҳиби таҷриба гардад. Баландии фавқулодда ва ғайриоддӣ, омодагии махсус, тобоварӣ ва шуҷоатро тақозо дорад. Сарнишинҳо, дар шароити турбулентияти ҷараёни ҳаво ва вазидани шамоли бошиддат, парвоз ва фурудории киштии ҳавоиро омӯзанд.
Аксарият дар кӯҳсор чархболҳои сабук ва зудҳаракатро истифода мебаранд. Тамсилаҳои AW 109 ё Airbus Helicopters AS 355, Ми-8, Ка-117 маъмуланд. Агар зарурияти ба баландии фавқулодда ва ғайриоддӣ парвоз кардан бавуҷуд ояд, тамсилаҳои мукаммалшуда, ки бо таҷҳизотҳо ва дастгоҳҳои махсус муҷҷаҳаз гардидаанд, аз ҷумла, системаи таъминоти оксиген, истифода бурда мешаванд.
Боз дар куҷо чархболҳо истифода бурда мешаванд
Дар тамоми дунё чархболҳо барои гузаронидани амалиётҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ, ки асосан ҳолатҳои фавқулодда дар кӯҳсор рух медиҳад, истифода бурда мешаванд. Дар ин ҷо, кӯҳнавардон, сайёҳон, баъзан сокинони маҳаллӣ гум мешаванд. Дар ин ҷо, ҳатто варзишгари варзида метавонад осеб бинад ва роҳро гум кунад. Барои эвакуатсия махсус киштиҳои ҳавоии тиббӣ мавҷуд ҳастанд.
Вақтҳои охир чархболҳоро барои намудҳои варзиши экстремалӣ зиёд истифода мебаранд. Масалан, ҷаҳиш бо парашют, инчунин, тавассути чархбол ба қулла шахсоне, ки бо сноуборд ва лыжаронии кӯҳӣ машғул ҳастанд, бурда мерасонанд. Билохир, чархболҳоро барои тамошои қуллаҳои барфпӯш ва сайру гашт ба иҷора мегиранд.
Сарнишинони чархболҳо ва гурӯҳҳои наҷотдиҳӣ итминони комил доранд, ки қуллае нест, ки фатҳ нашавад. Аксарияти сарнишинони чархболҳо худ ташнаи ҳолатҳои ғайриоддӣ буда, мехоҳанд дар фазои хатарнок фаъолият намоянд. Ҷозибаи кӯҳсор сол аз сол мардумро ба худ ҷалб намуда, онҳоро комъёб мекунад.
0