loader

Сарнишини чархбол 20.03.2019

 

Ҳар як фард дар айёми бачагиаш орзу дорад, ки сарнишин шавад. Ҳама фикр мекунанд, ки идоракунии киштии ҳавопаймои – хеле зебою романтикӣ аст. Вале, дар асл ин кори душвору бомасъулият мебошад. Дар маколаи мазкур мо ба шумо нақл мекунем, ки сарнишинони чархболҳо чӣ гуна омӯзиш мегузаранд ва хусусиятҳои касби онҳо аз чӣ иборатанд.

Ҳамаш аз омӯзишгоҳи сарнишинон ё мактаби хусусии авиатсионӣ оғоз меёбад. Бидуни таҳсилоти махсус шуморо ба кор касе намегирад. Дар Россия корфармоён зиёдтар ба хатмкунандагони омӯзишгоҳҳои давлатӣ боварӣ доранд. Барои ба чунин муассисаи таълимӣ дохил шудан довталабон аз интихоби ҷиддӣ мегузаранд, пас бо ҷидду ҷаҳд бояд хонанд, зеро барои баҳои паст бераҳмона хориҷ шуда метавонанд. Дар муассисаи таълимии хусусӣ талабот на он қадар сахт аст ва ба он ҷо ҳар касе, ки маблағ дошта бошад, дохил шуда метавонад.

Назария ва амалия

Сарнишинони оянда барномаи мураккаби назария ва пурраи амалияро мегузаранд. Донишҷӯён конструксияи киштии ҳавопаймоӣ, аэродинамика, навигатсия, метеорология, ҳуқуқи ҳавоӣ, бехатарии парвоз ва дигар фаннҳои заруриро меомӯзанд.

Зимни дарсҳои амалиявӣ онҳо барои парвоз санҷиш ва омода кардани киштии ҳавопаймоӣ, иҷрои усули болоравӣ ва фурудоӣ, ҳаракати даврзанӣ, ба хатсайрҳои муқарраршуда ва майдончаҳои дурдаст парвоз карданро ёд мегиранд. Дар сурати бомувафақкият супоридани имтиҳон хатмкунанда сертификати махсус, маълумотнома дар бораи соатҳои парвоз ва ҳуҷҷатҳоро барои тартиб додани литсензияи сарнишин ва гузаштани комиссияи квалификатсионӣ ба даст мегирад.

Аз баски, муассисаҳои давлатӣ, ки дар он ҷо идоракунии чархболро таълим медиҳанд, зиёд нестанд, мактабҳои хусусӣ талаботи хеле баландро доранд. Аммо, дар мактабҳои мазкур таҳсил кардан гарон аст. Масъалан, барои чунин маълумотро дар Россия соҳиб шудадан, зарур аст, ки на кам аз 1,5 миллион рубл пардохт намоед.

Афзалиятҳо ва камбудиҳои кори сарнишин

Аз ҷумлаи афзалиятҳои кор – музди баланди маош. Дар Россия сарнишинони чархболҳо аз 100 ҳазор рубл боло ва дар минтақаҳои шимолӣ бошад – аз ин ҳам хеле зиёд маош мегиранд. Дар Аврупо ва дигар кишварҳо меҳнати онҳо боз ҳам зиёд пардохт карда мешавад ва ҷиҳати ба вазифаи мазкур даъво кардан аз аттестатсияи байналмилалӣ гузаштан барои мутахассиси ҷавон басанда имконпазир мебошад.

Тарафи мусбии дигар – ин нуфузи касби мазкур мебошад. Сарнишин будан – яъне дар чашми наздикон қаҳрамон ба назар расидан аст. Обрӯю эътимод кафолат дода мешаванд. Ғайр аз ин, ин кор шавқовару дилписанд мебошад. Киштии ҳавопаймоиро идора кардан ва на дар орзу, балки дар асл парвоз кардан – ин барои шахсоне, ки осмонро дӯст медоранд, романтикаи воқеъӣ мебошад.

Байни камбудиҳои касб, пеш аз ҳама, сатҳи баландтарини масъулият қарор дорад. Бархилофи аксаран мутахассисон, сарнишин ҳуқуқи хатогиро надорад. Дар ин кор хатарҳои муайян ба вуҷуд омада метавонанд: на дар ҳама ҳолатҳо ва на ҳама ҷиз аз сарнишин вобаста мебошанд. Сарнишин аксаран муддати дароз берун аз хона қарор дорад, бахшҳои шабонаро адо менамояд, дар як ҷой ва дар як андом бисёр мешинад. Бинобарин, профессионал бояд тобовар, ҷасур, бодиққат, покизакор буда, ҷиҳати таъҷилан қабул кардани қарорҳо ва нисбати ҳолати бавуҷудомада фавран эътино карданро қобилият дошта бошад.

 

Ба вазифаҳои сарнишин чӣ медарод

Сарнишин вазифаро қабул мекунад ва тибқи он амал менамояд. Ба ӯ зарур аст, ки дастгоҳҳоро барои парвоз омода кунад, ҷиҳати он, ки парвоз бехатар гардад ҷораандешӣ намояд, аз болои саворшавии мусофирон ва ҷобаҷо гузоштани борҳо назорат барад, реҷа ва хатсайри муқарраршударо риоя кунад, доир ба қоидаҳои интизом дар даруни киштии ҳавопаймоӣ сайёҳонро дастур диҳад (агар барои ин тадбир мутахассиси алоҳида пешбинӣ карда нашуда бошад), қоидаҳои алоқаи радиоро риоя кунад, вазъи метереологиро саривақт ва дуруст таҳлил намояд, амрҳои маркази идоракунандаро иҷро кунад ва ҳ.

Агар зарурият пайдо гардад, сарнишин вазифадор аст, ки ҷиҳати гузаронидани амалиёти ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ кӯмак расонад. Вале салоҳияти ӯ, пеш аз ҳама – иборат аз киштии ҳавопаймоӣ, мусофирон ва борҳои он маҳсуб меёбад. Вобаста ба ҳолати бавуҷудомада, кори сарнишин метавонад чандтарафа бошад, зеро чархболҳо барои маҳсадҳои гуногун истифода карда мешаванд.

 

Муаллиф: Николай Данилов

 

cofradmin

0
Купить самолет

Copyright - vertolet.eu