loader

Дуздӣ тавассути чархбол  21.03.2019

 

Шуморо ягон вақт тавассути чархбол дуздида буданд? Маро бошад – ҳа! Ва акнун ман воқеъаро ба шумо нақл мекунам. Мо дар Соҳили Лоҷвардӣ истироҳат мекардем. Мо – ин оилаи калони ман: модарам, падарам, додаракам ва боз ҷавони дӯстдоштаи ман. Ман 19 сола ва назорати қатъии волидайн, рости гап, ба ман маъқул нест. Ва ҷавони ман чунин фикрро низ дошт: мо фақат як чизро орзу мекардем, ки аз назари чашми назораткунандаи волидайн ба ягон ҷо пинҳон шавем. Вале маро «тоқа» бо ҷавони дӯстдоштаам, мутаассифона, ҳоло ба ягон ҷо иҷозат намедоданд. «Вазъият дар ҷаҳон чунин душвору хатарнок аст», – нолиш мекунанд волидайн. ОК, ягон вақт ман ҳам модар мешавам ва шояд онҳоро пас бифаҳмам.

Хӯш. Рӯзи чорӯми истироҳати мо дар Нитса фаро расида буд. Гуфтан мумкин, ки нав фаро расидааст, зеро субҳи барвақт буд ва ҳоло, ҳатто, офтоб баромада набуд. Ҷавони ман маро бо бӯсаҳои гарму ҷӯшонаш бедор карда, иброз дошт, ки ба ман тӯҳфа дорад. «Олиҷаноб, – фикр кардам ман – акнун мешавад садбарг, пуфакчаҳо ва хирсчаи бахмалин, аммо, чаро ин қадар барвақт?!

Тассавур кунед: дар беруни тиреза нурҳои ибтидоии офтоб пайдо шудаанд, ҳоло ҳамааш ба чашм тира мерасад, шуморо амалан аз ҷога мебардоранд, мепӯшонанд ва ба куҷое кашола карда мебаранд. Ман муқовиматро нишон намедодам, вале хурсандиро низ изҳор намекардам, зеро ҳоло ман пурра аз хоб бедор шуда набудам. Оҳиста – оҳиста, ба хотири он, ки касеро бедор накунем, ба поён мефароем, дар назди меҳмонхона мошин истодааст. «Ба куҷо?!» – мепурсам ман. «Тӯҳфа!» – ҷавоб медиҳад ӯ.

Ман тӯҳфаҳоро дӯст медорам ва ӯ дар ҳақиқат маро ҷалб карда тавонист. Аз ин ҳам зиёд он вақт ба тааҷҷуб монда будам, ки ӯ аз ман хоҳиш кард, ки чашмаамро бандам. Ман, албатта, ба ӯ боварӣ дорам, вале каме хавотир шудам. Алда кардааст! Ба болои чашмам банди сиёҳро гузошта, онро чунин сахт бастааст, ки дигар кушода нашуд.

Ҳолати бавуҷудомада барои ман ҳам хандаовар, ҳам асабӣ ба назар мерасад, фикр карда истодаам, ки нақшаи ӯ аз чӣ иборат аст. На он қадар дур ҳаракат кардем, пас баромадем. Ва маро ба болои даст гирифта, бурданд! Романтикӣ, форам, вале ман тамоман дарак надорам, ки ба куҷо.

Инак ӯ ба куҷое қадам мезанад, бо касе саломат мекунад, пас маро ба болои пойҳоям мемонад ва маро аллакай ду нафар ба куҷое бурда истодаанд: «Эҳтиёт бошед, зинапоя» – ана акнун мо нишастем. Ман умуман дарак надорам, ки дар куҷо мебошам, ҳатто, ягон ривояти оддӣ ҳам ба сар намеояд. Бо кадом сабаб намедонам, фикр мекардам, ки ӯ маро ба кадом атраксион овардааст. Вале чӣ гуна атраксион дар соати шаши саҳар шуда метавонад?

Ва ногаҳон ба гӯши ман ғуввос, чунин ғуввос мерасад! Аввал ман тарсидам, вале акнун фаҳмидам, ки ин чархбол буд! Ҳаргиз тавассути он парвоз накардам, аммо якбора дар бораи чархбол фикр кардам. «Тасмаҳоро бандед!» – ба мо амр медиҳанд. Бандро намекашам гуфта ваъда дода бошам ҳам, дар ин ҷо бардошта натавонистам, вақте, ки ӯ маро тасмабанд мекард, бандро кушодам, ҳол он, ки ин бисёр душвор буд. Бандро кушодаму, якбора ларзонд! Аниқ – чархбол! Ва он ба боло парвоз карда истодааст!!!

Маро бӯса мекунанд ва гушпӯшакҳоро мепӯшонанд, то ки кар нашавам. Аз рӯи нақша ман бояд бандро дар баландӣ мекушодам, вале каме саросема шудам. Аммо хуб шуд: оғози парвозро надидан хеле афсӯс мегардид. Ман ба оина часпидам, ҳамаашро хуб дида мешавад: Нитса, баҳр, кӯҳҳо, мо боз ҳам боло мебароем ва то ба абрҳо мерасем! Дар дохили канор мо дукаса танҳо! Ва боз якто ҷо аст. Ва дар болои он дастаи гул вуҷуд дорад – барои ман!

Аз парвоз нафас мегардад, мо аз болои баҳр гузашта истодаем. Ана кадом шаҳр пайдо гардид. Наход, ки ба ин ҷо рафта истодаем? Аниқ! Чӣ гуна ҳамаш бо тезӣ анҷом меёбад… Ҳоло аз эҳсосоту хурсандиам пур будам, вале чархбол аллакай ба замин фаромад. Охир, мо ба куҷо омадем? Ин Канн будаст! Моро аллакай автомобил интироз аст, чӣ гуна ӯ ҳамаашро фикр карда, ба нақша гирифт?

Ана акнун мо дар даруни шаҳри достонӣ, ки нав бедор шуда истодааст, ҳаракат мекунем, аз зебогиҳояш ҳузуру ҳаловат мебарем. Билохир мошин моро ба виллаи хурди хилват оварда мерасонад. Ман фикр надоштам, ки ӯ чунин қобилият дорад. Тамоман фикр надоштам… Ба назари ман мерасад, ки ҳамаи ин хоб мебошад.

Ва ин хоби хушсурат давом дода истодааст! Вилла – фақат барои ҳардуи мо, дар ин ҷо ҳамаш қарор дорад: ҳавз, боғ, ҳатто, мини-пляжи регдор. «Охир, мо хоҳиш дошта будем, ки дукаса бимонем?» – мегӯяд ӯ, вале ман, бошам, аз таги пойҳоям заминро ҳисс карда наметавонам.

Волидайнам дар бораи ин чизе намедонистанд. Ӯ дар ҳақиқат маро дуздидааст. Зеро, агар ӯ ба ман нақшаи густохонаи хешро маълум мекард, ман ҳаргиз розӣ намешудам. Ман модару падарама медонам, онҳо чунин чизҳоро ҳеч гоҳ намефаҳманд. Вале, пас аз он, ки ӯ ҳамаашро чунин олиҷаноб ташкил карда буд, ман дигар муқобил шуда натавонистам. Ба модарам занг задам.

Ба волидайн чизе фаҳмондан мушкил буд, онҳо, албатта, дар садамоти сахт қарор доштанд ва ҷиддан хавотир шуда буданд. Вале гузашт. Мо ба онҳо дар як рӯз чандин маротиба занг мезадем ва онҳоро тасалло медодему хотираашонро ҷамъ мекардем. Ба фикрам, баъди ду рӯз онҳо ором шуданд, пичинг парронда, аз мо мепурсиданд: «Ҳоло ба дили шумо назадааст?». Не, ба дили мо ҳоло умуман назадааст!!!

Баъдан ман фаҳмидам, ки тӯхфаи мазкурро ӯ тавассути ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) ташкил кардааст: дар он ҷо чунин чизҳоро дуруст дарк ва қабул мекунанд. Бо намояндаи ширкати онҳо ман зимни роҳи бозгашт шинос шудам ва ӯ аз ман хоҳиш карда буд, ки «агар малол наояд, тақризи хурдтаракро» нависам. Охир ман, бе ин ҳам ҳамаи инро аз рӯи имкон тасвир доданӣ будам. Агар ба шумо маъқул шуда бошад, хоҳиш мекунам, ки «лайк»-ро гузоред. Ва ба дӯстдоштаатон тӯҳфаҳои зиёдро тақдим кунед!

 

Вера, 19 сола, Москва.

 

cofradmin

0
Купить самолет

Copyright - vertolet.eu