loader

Ороиши дохилии канораи чархбол  20.03.2019

Чархбол бо суръати тез парвоз менамояд ва ҳатто дар ҷойҳои душвор метавонад фуруд ояд, ин ҳам бошад, беҳтарин хусусияти он мебошад. Воқеан, шахсоне, ки ин намуди нақлиётро зиёд истифода мебаранд, мехоҳанд, ки аз ин ҳам зебо, қулай ва дигар хизматрасониҳои боҳаловат бошад. Маҳз барои ҳамин, дохили чархболро бо навовариҳои техникӣ зебо ороиш карда шудааст. Чархболҳо ба масофаи дароз парвоз мекунанд ва маҳз сайёҳати тӯлонӣ ба кас ҳаловат мебахшад. Дар ин мақола, мо дар бораи хусусиятҳои дохилии чархболҳои дараҷаи олӣ маълумот хоҳем дод.

Таҷҳизоти техникӣ

Намуди хоксоронаи дохили чархбол ба назари мусофирони VIP чӣ тавр менамояд? Пеш аз ҳама, дохили чархбол бояд ҳар чӣ бештар ором бошад, бинобар ин, ҳамаи чархболҳои муосир, барои худро ногувор эҳсос накардани мусофирон, дорои системаи маҳви овоз мебошанд.

Сайёҳони олимақом аллакай одат кардаанд, ки ҳарорат ва равшании дохилии чархболро ба осонӣ танзим карда мешавад, дар навбати худ дар дохил системаи гармидиҳӣ, сардкунак ва чароғакҳо васл шудаанд. Инчунин, барои мусофирони табъи нозук дар дохили чархбол камера гузошта шудааст. Ба туфайли онҳо, дар ҷойи нишаст аз тамошои манзараҳои зебо метавон баҳраманд шуд, ҷаҳон дар рӯи каф!

Ҷойи либоспушӣ ва ҳоҷатхона

Ҳоҷатхона дар хизматрасониҳои VIP маъмул гаштааст. Дар варианти каммасраф, мутассифона, ҳоҷатхона нест ва сайёҳоне, ки аз ин ҳолат бехабар ҳастанд, бисёр азият мекашанд. Баъзе чархболҳои шахсӣ ҳатто душ ҳам доранд, барои ҳамин парвозро метавон бо муолиҷаи обӣ ба мувофиқа овард.

Боз як чизи асосие, ки дар чархболи муқаррарӣ дида намешавад – ин ҷойи либоспушӣ аст. Дар канора ҳарорат мӯътадил ва нишастан бо либоси болоӣ ноқулай аст. Дар тамсилаи VIP ҷевонҳои барҳаво васл шудаанд, ки мусофирон метавонанд либосҳои изофагиро дар вақти парвоз ба он ҷо гузоранд.

Ошхона

Аз ҳама хизматрасонии асосие, ки дар тамсилаҳои гаронарзиш вомехӯрад – ин дар канора мавҷудияти ошхонаи шахсӣ аст. Дар чархбол ҷойи холӣ на он қадар зиёд аст, бинобар ин тайёр намудани хӯрок каме мушкилиро ба миён меорад. Аммо ошхонаи киштӣ дорои яхдон, тафтдон, бар барои машрубот, зарф ва дастгоҳи шустушуӣ мебошад. Аз ин бармеояд, ки ҳама вақт метавон вискиро бо ях нӯшид ё хурокеро дар тафтдон гарм кард.

Муҷаҳҳазгардонии дохили канора

Сатҳи бошукӯхи дохилии чархбол аз дороӣ ва хаёлпарастии соҳиби чархбол вобастагӣ дорад. Мебели бошукӯх аз чарм, чӯбҳои гаронарзиш, курсиҳо ва катҳои қулай, мизҳо бо ҷузҳои ҷудошаванда, сангҳои нодир, асарҳои санъат – ҳамаи инро метавон дар чархболи шахсӣ, соҳибкори сарватманд пайдо кард. Ҳатто дар намуди чархболи мусофиркаш бисёр мебелҳои бошукӯҳ ва ороишот аз дизайнерҳои номдор дида мешавад.

Имрӯзҳо бе шабакаи интернет ҳаёти ҳар як инсонро тасаввур кардан ғайриимкон аст, бино ба ин, дар бораи шахсоне, ки ҳар дақиқаро қиммат медонанд – ҳоҷат ба баён нест. Бинобар ин, канора дорои WI-FI, алоқаи спутникӣ, мониторҳо, маҷмӯи хизматрасониҳои дилхушӣ, маҷмӯи мусиқӣ, филмҳо, бозиҳо мебошад ва имконият дорад мустақилона дар вақти дилхоҳ онро хомӯш намуда, оромона хоб кунад.

Аз ҳама чархболҳои бошукӯҳ

Тамсилаҳои чархболҳои беназир дорои кадом хусусиятҳо мебошанд? Шахсоне, ки соҳиби ҳавопаймои шахсӣ мебошанд, кӯшиш менамоянд ба ҳамаи талаботҳо ҷавобгӯ бошад. Аксарият ороиши дохилии канораи чархболро тарроҳҳои машҳур омода кардаанд.

Масалан, дохили канораи Eurocopter Hermes EC135 хонаи тарроҳии беҳамтои фаронсавии Hermes сохтааст. Дар таҷҳизотҳои асосӣ тақрибан дусад тағйиротҳо ворид карда шуд, дар натиҷа нархи чархбол ба шаш миллион евро расид. Тамсилаи AW109 Grand Versace VIP, ки аз ҷониби ширкати Augusta Westland ба маркази тарроҳии итолиёвӣ барои ороиши дохилии чархбол фармоиш дода буд, нархи он ба панҷ миллион евро расид.

Тамсилаи Bell 429 талаботи рӯзафзун дорад, онро дар Россия зиёд истифода мебаранд, ки он бо иштироки ширкати Mecaer Aviation Group ба анҷом расидааст. Мусофирони –VIP тирезаҳои электрохром, маҷмӯи дилхушкунии IFEEL бо идоракунии сенсорӣ, кортҳои интерактивӣ, бар ва ҳоҷатхона, курсиҳои бофароғати истироҳатӣ ва равшанидиҳии форамро қадр мекунанд.

Дар айни замон, барои такмил додани чархболи шахсӣ, ҷорӣ кардани системаҳои идоракунӣ, пурра иваз кардани ороиши дохилии канора –хеле осон аст! Кифоя аст, ки оиди ороишу зебдиҳии дилхоҳ, ба ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) фармоиш диҳед. Чунин хоҳишҳо, чунончи дар Аврупо амалӣ мешаванд, ҳамин тариқ дар Россия ҳам иҷро карда мешаванд.

Муаллиф: Николай Данилов

 

cofradmin

0
Купить самолет

Copyright - vertolet.eu