loader

Интиқоли чархбол ба осоишгоҳи лижаронии кӯҳӣ дар Фаронса. 20.03.2019

Қисмати фаронсавии қаторкӯҳҳои Алп – дар фасли зимистон аз ҳама истироҳатгоҳи машҳур маҳсуб меёбад. Дар ин ҷо тақрибан 400 (чаҳорсад) пойгоҳи лижаронӣ, майдони калони роҳҳои фурудоӣ бо мушкилоти гуногун, ҳавои хуршедӣ, осоишгоҳҳо бо тӯпҳои барфӣ, хизматрасонии аълосифат, аз ҳама қуллаи баландтарин дар Ғарби Аврупо – Монблан, иҷораи таҷҳизотҳои касбӣ, маҷмӯи чорабиниҳои шавқовар – ҳамаи ин ба сайёҳон имконияти истироҳати фаъол ва хурсандиоварро пешкаш менамояд.

Барои ба осоишгоҳҳои маъруфи мазкур ба зудӣ расидан:

– Куршевел,

– Вал-д’Изер,

– Шамони,

– Тин,

– Вал-Торанс,

– Мерибел,

– Ле-Дез-Алп,

– Ля-План,

– Межев ва ғайраҳо, –

иҷораи чархбол аз ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) кӯмак мерасонад.

 

Интиқоли чархбол қулай аст:

  1. Хатсайри инфиродӣ. Канораи чархболи аз тамоми шаҳрҳои Аврупо, хусусан, майдончаҳои махсуси фурудоии чархболӣ имконпазир аст. Танҳо самти худро интихоб намоед: «Милан – Шамони», «Женева – Тин», «Монако – Куршевел», «Канна – Мерибел», «Цюрих – Ля-План», – чархбол дар вақти қулай Шуморо гирифта ба ҷойи зикршуда бурда мерасонад.
  1. Зудамалкунанда. Чархбол – аз ҳама нақлиёти босуръат барои расидан ба осоишгоҳи дилхоҳ маҳсуб меёбад. Нақлиёти сабукрав бо роҳҳои каҷу килеб, аммо киштии ҳавоӣ бошад, бо роҳи рост парвоз мекунад. Агар ба воситаи нақлиёти сабукрав аз Нитса ба Алп сафар кунед, дар роҳ ҳашт соат сарф мешавад, аммо чархбол бошад, масофаи байни Куршевелро танҳо дар як соату даҳ дақиқа тай мекунад.
  2. Боҳаловат. Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) сафарро «аз оғоз то интиҳо» таъмин менамояд. Аз ҳар куҷо пешвоз ва гусели мизочон, ба расмиятдарории иҷораи киштии ҳавоӣ, бо хоҳиши мизоҷон пешниҳоди хуришҳо, гузаронидани ҳар гуна ҷашнвораҳо дар канораи чархбол, интиқоли бағоҷ ба ҷойи муайян ва ғайра. Хатсайр дар шароити боҳаловат ва дар мӯҳлати кӯтоҳ анҷом дода мешавад: мусофирон хастагиро, чунончи дар вақти ҳаракат бо нақлиёти сабукрав дар пайраҳаҳои кӯҳсор мавҷуд аст, эҳсос намекунанд.
  1. Интихоби киштии ҳавоӣ. Мизоҷони ширкати AVIAV TM тамсилаи чархболро, вобаста бо табъи худ ва шароит интихоб менамоянд. Инчунин, тамсилаҳои каммасраф ва канораи VIP ба зиммаи ширкат аст. Теъдоди мусофирон ва миқдори бағоҷро бояд ба назар гирифта, баъд киштии ҳавоиро фармоиш дод.
  1. Эҳсосоти нотакрор. Парвоз бо чархбол воқеаи аҷибест, ҳиссиёти нотакрор касро фаро мегирад. Парвози баланди босуръат, тамошои манзараҳои зебо, аксбардориҳои ҷолиб – ҳамин тавр, Шумо аллакай ба осоишгоҳи лижаронӣ мерасед. Ин як тӯҳфаи ҷолиб барои шахсоне, ки аз ин намуди нақлиёт мунтазам истифода мебаранд.

Ширкати AVIAV TM чӣ тавр кӯмак мерасонад

Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) натанҳо чархболро пешниҳод мекунад, балки тамоми истироҳати Шуморо ба дӯши худ гирифта, дар сатҳи баланд ташкил мекунад. Дар қаторкўҳҳои фаронсавии Алп, Шумо метавонед хонаҳои қадима, марказҳои дорои иқлими кӯҳӣ ва балнеологӣ, варзишҳои шавқовар ва ғайра шиносоӣ пайдо кунед. Мо барномаро бо хоҳиши Шумо тартиб медиҳем.

Маҷмӯи хизматрасониҳои иловагиро Шумо худатон метавонед интихоб намоед. Ширкати Cofrance SARL барои хизматрасониҳои зерин омода аст:

– ба расмиятдарории раводид ва суғуртаи тиббӣ,

– нигаҳдории (брон) чипта ба ҳавопаймо,

– пешкаши чархбол барои интиқол,

– иҷораи апартаментҳо дар меҳмонхона ё шале,

– таъмин бо ғизо,

– пешниҳоди мактаби варзишӣ ва дастурдиҳанда (инструктор),

– таҳияи барномаҳои дилхушӣ,

– иҷрои ҳамаи хоҳишҳои мизоҷон.

 

Чӣ тавр интиқоли чархболиро бояд фармоиш дод

Аз ҳама қулай интиқоли чархбол ба осоишгоҳи лижаронӣ дар кўҳсор – ин фармоиш тавассути сомонаи интернетӣ аст. Кифоя аст, ки дархостро дар сомонаи мо ҷойгир намоед ва менеҷери ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) бо Шумо дар тамос мешавад. Дар аввал бояд қайди зерин намоед:

– хатсайр,

– интихоби вақти парвоз,

– миқдори сайёҳон,

– вазни тахминӣ ва ҳачми бағоҷ,

– хоҳиш ва дархост оиди парвоз.

Агар Шумо ташкили истироҳати хешро ба мо вогузор кардани бошед, ба мо хабар диҳед. Хусусиятҳо ва нархномаро Шумо метавонед бо корманди ширкати AVIAV TM муҳокима кунед. Мо омода ҳастем барои Шумо ҳам варианти каммасраф ва ҳам барномаи бошукӯҳ барои мизоҷони воломақомро таҳия намоем. Осоишгоҳҳои кӯҳии лижаронӣ Шуморо интизоранд!

Ба куҷо бояд сафар кард

Мо дар тамоми Фаронса фаъолият мебарем ва омода ҳастем интиқол тавассути чархбол ба осоишгоҳи кӯҳии лижарони дилхоҳ бо таҳияи барномаҳои ҷолиб ба Шумо пешкаш намоем.

  1. Шахсоне, ки дар намуди лыжаронии кӯҳӣ комъёб шуданро доранд, Пиринейро интихоб мекунанд. Дар ин ҷо роҳҳо бо мушкилотҳои гуногун ва мактабҳое, ки дар он мутахассисони варзида кор мекунанд, зиёданд.
  2. Майдони марказӣ мақбули натанҳо онҳое, ки барои лыжаронӣ омадаанд, балки ҳамагон аст. Марказҳои дилхушӣ зуд инкишоф ёфта барои сайёҳон чорабиниҳои мухталиф манзур менамоянд. Шуморо хатсайрҳои пиёдагардӣ, аспсаворӣ, сноуборд, мактабҳо барои навёдгир, яхмолакбозӣ ва ғайра интизор аст.
  1. Ба Вогез сайёҳон сафар мекунанд, ки ба кӯҳҳои баланд ниёз надоранд. Барои лыжаронӣ бо пайраҳаҳои ҳамвор ин ҷойи муфид аст. Дар ин ҷо иштиёқмандони кросс-кантри, табиати бокира ва боду ҳавои тоза ҷамъ мешаванд.
  1. Касоне, ки майли ҳам истироҳати лижаронии кӯҳӣ, ҳам ҷазиравиро дорад, ба Корсика сафар мекунанд. Аксарият намедонанд, ки дар ин ҷо марказҳои кӯҳии маъруф ва роҳҳои аълосифат зиёданд. Иқлими мулоим аз моҳи январ то моҳи март барои лыжаронӣ имконият медиҳад.

Мавсими лижаронӣ дар қисмати фаронсавии Алп аз моҳи ноябр то май тӯл мекашад. Дар баландии як ҳазору панҷсад метр ҳарорати ҳаво аз минус ду то минус даҳ шуда, аз охири моҳи январ қариб ҳар рӯз офтоб дурахшон аст. Баландии барф дар ҷойҳо ду – чаҳор метрро ташкил медиҳад!

Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) барои расидан ба осоишгоҳи дилхоҳ кӯмак мекунад. Агар Шумо дар интихоб мушкилӣ дошта бошед, менеҷер, бо назардошти хоҳиш ба Шумо варианти муфидро пешниҳод мекунад. Чархбол дар лаҳзаҳои кӯтоҳтарин то макони зарурӣ расонида, ба сайругашти ҷолиб ва истироҳати хотирмон дар Фаронса оғоз мебахшад.

Муаллиф: Николай Данилов

 

cofradmin

0
Купить самолет

Copyright - vertolet.eu