loader

Хизматрасонии такси тавассути чархбол дар Аврупо 20.03.2019

 

Имрӯзҳо хизматрасонии такси тавассути чархбол хеле машҳур шудааст. Чӣ будани он аз номаш маълум аст: хизматрасонии ҳавоӣ ба хатсайри лозима. Чархбол нақлиёти хеле қулай, зудҳаракат аст ва метавонад бағоҷҳои зиёдро дар канора ҷой кунад. Ин намуди хизматрасонии ҳавоӣ дар байни мизоҷони сарватманд ва ширкатҳои бонуфуз бисёр машҳур аст. Нақлиёт бо тартиби муайян намудаи фармоишгар бетаъхир иҷро карда мешавад.

Чӣ тавр чархболро бояд фармоиш намуд

Дар Аврупо тавассути ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) фармоиши чархбол қулай аст. Кормандони ширкати мазкур дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо кору фаъолият мекунанд, инчунин, бо забони русӣ муошират мекунанд.

– нархҳои арзон,

– барасмиятдарории фосилавии шартнома,

– шаффофияти кор ва

– муоширати хуб, – ин ҳама далелҳои иловагӣ барои интихоби «Кофранс САРЛ».

Чӣ тавр бояд фармоиш дод? Дархостро дар сомонаи AVIAV TM (Cofrance SARL) бояд гузошт ё ки бо менеҷер дар вақти ба Шумо қулай дар тамос шавед. Муайян кунед:

– хатсайр,

– сана ва вақти сафар,

– миқдори мусофирон,

– вазни тахминии бағоҷ,

– хоҳишҳои иловагӣ.

Масалан, «Нисса – Канна, якуми май, соати 12.00 (дувоздаҳ), барои 4 (чаҳор) нафар, саг ва тақрибан 60 (шаст) килограмм бағоҷ, тирезаҳои манзаравӣ ва нақлиёти сабукрав то меҳмонхона зарур аст». Баъд аз ин муштариёнро сӯҳбати гарму самимӣ бо кормандони ширкат дар бораи арзиш ва оиди масъалаҳои ташкили парвоз интизор аст. Таксии ҳавоӣ дар вақти муайяншуда барои парвоз тайёр мешавад.

Дар куҷо таксии чархболиро истифода мебаранд.

Таксии чархболӣ дар тамоми дунё хеле маъруфият пайдо кардааст. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз худи маркази Нью-Йорк то фурудгоҳ тақрибан дар понздаҳ дақиқа метавон расид. Дар Таиланд аксарият аз Бангкок ба осоишгоҳ парвоз мекунанд, дар Дубай бошад, ҳатто ба болои боми меҳмонхона фуруд омадан мумкин аст.

Чархболҳо хеле зиёд ба самти Лондон парвоз менамоянд: ягон нафарро парвоз тавассути чархбол, гирифтани мусофирон аз худи маркази шаҳр ва интиқоли онҳо ба мавзеи дурдаст дар ҳайрат намегузорад. Ҳамин тавр, дар Аврупо чархболҳо байни шаҳрҳо парвоз мекунанд, ки ба ширкати ҳавоии AVIAV TM (Cofrance SARL) муроҷиат карда, фармоиш диҳед.

 

Чархболҳои мусофиркаш дар Россия.

Дар Россия ба чархбол талабот хеле кам аст, ҳатто хатсайрҳои иҷозатшуда ҳам на он қадар зиёд аст. Бо вуҷуди ин, чунин хизматрасониҳо барои соҳибкорон ва коргарони онҳо хеле мувофиқ аст, алалхусус, барои шахсоне, ки дар минтақаҳои дастнорас фаъолият мебаранд. Чархболҳои мусофиркаш дар минтақаҳои шимоли Россия хеле маъмул аст.

Намудҳои чархболи Robinson R44 и R66, Bell 407, AirbusHelicopters, EC130, AS350, Ми-8 ба тамоми шаҳру ноҳияҳо парвоз мекунад, аммо ба пойтахт парвозҳои хусусӣ қатъиян манъ аст. Бо вуҷуди ин, дар нақшаи ҳукумат васеъ истифода бурдани такси тавассути чархбол дар назар аст. Бо роҳҳои маъмул парвозҳо мунтазам таъин карда мешавад ва барои таксии чархболӣ як майдонча бунёд мегардад. Эҳтимол аст, ки ба наздикиҳо дар Маскав чархболҳои мусофиркаш ташкил мешавад.

Дар баъзе ҳолатҳо, таксии чархболӣ бо хатсайр ва ҷадвали муайян парвоз мекунад. Чунин парвозҳои мунтазам арзонтар мебошад, бинобар ин, аксарият ин намудро интихоб менамоянд. Аммо он мушкилиҳои худро дорад: бояд бо шахсҳои бегона, ки низ чипта харидорӣ кардаанд, бояд сафар кард. Дар чархболи ба иҷора гирифта шуда, ин ҳолат имконнопазир аст, чунки чархбол барои теъдоди муайяни мусофирон ба иҷора гирифта мешавад.

Чархбол – ин карруфар нест

Дар Аврупо фармоиши таксии чархболӣ – таҷрибаи маъмул маҳсуб меёбад. Барои шахсони дороманд, чархбол – воситаи муқаррарии интиқол буда, «синфи миёна» дар ҳолати зарурӣ метавонад аз имконияти чунин хатсайр истифода барад, чунки таъҷилан расидан аз як шаҳр то шаҳри дигар, парвоз барои истироҳат ба кӯҳсор ё ҷазира, расонидани бемор ё ҳайвони хонагӣ ба беморхона, барои интиқоли ҳамагуна бор – ба ҳама зарур шуда метавонад.

Ширкати аврупоии AVIAV TM (Cofrance SARL) дар бозори хизматрасониҳои авиатсияи тиҷоратӣ қариб даҳ сол фаъолият дорад. Дар ин давра, маҷмӯи хатсайрҳои чархболӣ тадриҷан афзуда, миқдори зиёди майдончаҳо ва хатсайрҳои нав бавуҷуд омаданд, инчунин, тамсилаҳои чархболҳои боэътимод ва худи ҳамин хизматрасонӣ бисёр маъмул гардидааст. Агар ба Шумо чархбол дар ягон минтақаи Аврупо зарур шавад, дархости худро дар сомонаи мо ҷойгир намоед ё бо менеҷер дар тамос шавед. Парвози Шумо «аз оғоз то интиҳо» ташкил карда, дар як лаҳза ба макони дилхоҳатон бурда мерасонем.

Муаллиф: Николай Данилов

 

cofradmin

0
Купить самолет

Copyright - vertolet.eu