loader

Барои кӣ тавассути чархбол парвоз кардан манъ аст  20.03.2019

 

Чархбол яке аз бехатартарин намудҳои нақлиёт маҳсуб меёбад. Тавассути «парравинтиҳо» аксаран бемороне, ки ба заҳмиҳои ҷиддӣ дучор шудаанд, интиқол дода мешаванд. Чунин парвоз нисбати саломатии онҳо ягон зарари иловагиро боис намешаванд. Бо чархболҳо кӯдакону занҳои ҳомиладор, одамони кӯҳансолу маъюбон парвоз мекунанд. Дар бисёр вақтҳо чархбол – ин тарзи ягонаи расидан ба нуқтаи зарурӣ мебошад. Аммо, ба баъзе нафарон парвозҳо мамнӯъанд. Дар маколаи мазкур мо нақл мекунем, ки ба кадом шахсон истифода кардани намуди мазкури нақлиёт тавсия дода намешавад.

Бо чунин касалиҳо беҳтараш парвоз накунед

 

Чархбол ба баландии ҷиддӣ парвоз мекунад, ки дар он ҷо фишор якбора тағӣир меёбад ва миқдори оксиген кам мешавад. Агар шахс касалиҳои дилу рагро дошта бошад, ба ӯ зарур аст, ки пеш аз парвоз бо духтури муолиҷакунанда маслиҳат кунад. Пас аз ҷарроҳӣ низ чунин саёҳат мамнӯъ мебошад.

Ҳамчунин, дар доираи хавф он нафарон қарор доранд, ки ба суддабандӣ дучор мебошанд. Зимни саёҳат шах шуда мондани хун дар рагҳои варид ба вуҷуд омада метавонад ва дар сурати тез пасту баланд гаштани фишор кандани судда аз эҳтимол дур нест.

Пеш аз саёҳат тавассути чархбол шахсоне, ки ба аневризмаи аорта, фишори баланди хун дар шушҳо, вайроншавии гардиши хун дучор мебошанд ва доруҳои гормондорро истеъмол менамояндбо духтур бояд маслиҳат кунанд. Ҳамчунин, ба касоне, ки аломатҳои клаустрофобия ва аэрофобия доранд, парвозҳои ҳавопаймоӣ низ тавсия дода намешаванд.

Ҳатто, агар одам зукоми оддӣ шуда бошад ҳам, саёҳати чархболиро таваққуф бояд дод. Ғайр аз ин, дар сурати ба касалиҳои роҳи нафас ва таби баланд дучор шудан, парвоз кардан мумкин нест, зеро дар гӯшҳо дарди шадид пайдо гардида, ҳолати бемор якбора вазнин шуда метавонад.

Кӣ боз дар доираи хатар аст

Ҳомиладорон ба чархбол фақат пас аз моҳи 3-ӯми дуҷонӣ иҷозат дода мешаванд. Дар мӯҳлатҳои дерини ҳомилагӣ саёҳати ҳавопаймоӣ манъ карда шудааст. Ба кӯдакони синну солаашон аз се сол кам саёҳати чархболӣ низз тавсия дода намешавад.

Боиси қайд аст, ки аквалангнавардон нисбати парвозҳои чархболӣ бояд қатъиян эҳтиёт шаванд. Яъне, аз лаҳзаи ғӯтаваршавии охирин зарур аст, ки на кам аз 24 соат гузарад. Зеро, дар зери қаръи об организм ба сарбории шадид дуҷор мегардад ва дар сурати якбора ба баландии ҳаво баромадани инсон нисбаташ зарари ҷиддӣ расида шуда метавонад. Чунин ҳолат ба сайёҳони одатӣ, ки ба шиноварӣ бо найча ҳавас доранд, низ тааллуқ дорад.



Дар сурати зарурияти парвоз чӣ бояд кард

Баъзан ҳолатҳое ба вуҷуд меоянд, ки парвоз кардан зарурият дорад. Агар шумо дар доираи хатар қарор дошта бошед, доруҳои дил, мусаккин ва рагтангкунанда, зиддиалвонҷро бо худ гиред ва пеш аз брон кардани рейс муайян кунед, ки оё дар канори чархбол болишти оксиген вуҷуд дорад ё не. Оддатан, дар доруқуттии чархбол ҳамаи дорувориҳои зарурбудаи муосири боэътимод мавҷуданд.

Зимни парвоз тавсия дода мешавад, ки пойро аз болои пой нагузоред, то ки рагҳо фушурда нашаванд. Аз баски он, ки дар даруни чархбол роҳ гаштан мамнӯъ аст, кӯшиш кунед, ки панҷа ва ангушҳои пойро ҷунбонед, ба ин хотир пойафзоли мулоими варзиширо истифода баред.

Зимни интиқоли одатии мусофирон дар канор аксаран таомхӯрӣ манъ карда мешавад, вале истеъмоли об ҳатмӣ мебошад, зеро дар баландӣ организм доимо ба камобшавӣ дучор мегардад. Бештар аст, ки аз машрубот, шарбатҳо ва обҳои газнокшуда даст кашед.

Чархбол нисбати ҳавопаймо сабуктару майдатар аст, бинобарин дар даруни он дар бисёр вақтҳо «ҷунбиш» эҳсос карда мешавад. Агар шумо ба бемории баҳрӣ дучор мебошед, пеш аз парвоз ҳатман хӯрок хӯред, каҳваро истеъмол накунед, пешаки доруҳои марбутаро қабул намоед, сачоқчаи қоғазини тароваткунанда ва қаламҳои лимӯро бо худ гиред.

Зимни оғози парвози чархбол, мисли ҳавопаймо, аксаран гӯшҳо маҳкам мешаванд. Аз ин ҳолат ҳарос накашед, ҳамту оби даҳанро фурӯ баред ё қанди пудинаро бо худ гиред.

Новобаста аз он, ки чархболҳои муосир бо системаҳои боэътимоди зиддиғавғо таҷҳизотонида шудаанд, ба мусофирон зимни парвоз гӯшмонакҳо пешкаш карда мешаванд. Баъзеҳо бо худ берушаҳоро мегиранд, вале агар онҳоро гузошта, шумо умуман чизеро нашунавед, бештар аст, ки аз чунин асбоб даст кашед.

Зимни парвоз бештар аст, ки ба ҷои линзаҳои васлӣ айнакҳоро истифода баред. Ин талабот бо камобшавии организм вобастагӣ дорад, ғайр аз ин, агар дар даруни чархбол бо линза ягон мушкилӣ ба вуҷуд ояд, бартарф кардани он хеле душвор мегардад.

Дар канори чархбол тибқи тартиби маъмул, оромонаю хомӯшона бояд рафтор кунед, аммо агар ҳолати шумо бад шавад, барои кӯмак муроҷиат карданро шарм надоред, дардру ғайрибароҳатиро хапу дам тоқат накунед. Дорувориҳо, ки дар канор пешбинӣ шудаанд, ҷиҳати сиҳатсаломат гузаронидани парвоз кӯмак мерасонанд.

 

Муаллиф: Николай Данилов

 

cofradmin

0
Купить самолет

Copyright - vertolet.eu