loader

Дар куҷо чархболҳо истифода мешаванд 21.03.2019

 

Чархбол – воситаи нақлиёти беназир аст. Соҳаҳои истифодаи он бемаҳдуд буда, аз ҳавопаймо ҳам вазифаи бештарро иҷро мекунад, аммо ба мисли он суръати калон надорад. Афзалияти асосии чархбол аз он иборат аст, ки ба ӯ хати дарози парвозу фурудоии бетонӣ зарур нест, майдончаи махсус кифоя аст. Ғайр аз он, чархболро дар майдони кушод, боми хона, кӯҳсор шинонида мешавад, – танҳо қитъаи хурди замин ё мумфарш даркор аст. Бо мавҷудияти чархҳои шиноварӣ ё тасмачарх, чархбол болои об ё барф фуруд омада метавонад.

Чархбол омода аст ба куҷо зарур аст, парвоз кунад, бино ба он бисёр талабот ба чархбол афзудааст. Нисбат ба нақлиёти сабукрав, ба чархбол зарур нест, ки дар тамбаи роҳ таваққуф кунад, аз канори кӯлҳо, кӯҳсор ва дигар монеагиҳо убур кунад, яъне ки бо хатсайри наздиктарин ва бо суръати баланд, ки тақрибан ба ҳисоби миёна дусаду сӣ – дусаду ҳаштод километр дар як соатро ташкил медиҳад, парвоз намояд. Барои кадом мақсадҳо чархболҳоро истифода мебаранд?

Интиқоли шаҳрвандон

Чархболҳо барои интиқоли мусофирон, дар ҳолате, ки ҳавопаймоҳо парвоз карда наметавонанд, истифода бурда мешаванд. Ин масофаҳои кӯтоҳ байни ду шаҳрҳои ба як дигар наздик ҷойгир шудаанд. Ин намуди нақлиёт дар минтақаҳои шимолӣ бисёр мубрам ҳастанд: вақте, ки роҳҳо яхбандӣ мешаванд, ё барфи калон меборад ҳаракати нақлиёти автомобилӣ қатъ мегардад ва чархбол ягона воситаи интиқол мешавад. Дар тамоми дунё хатсайрҳои чархболии мунтазам мавҷуд ҳастанд, инчунин, «такси дар само», ки зимни фармоиш кор мекунад.

Сайёҳӣ низ соҳаест, ки чархболҳо дар он талаботи бештар дорад. Интиқоли мусофирон ба ҷазираҳо, кӯҳсор – ҷойҳое, ки барои нақлиёти сабукрав дастнорас аст. Сайёҳатҳо дар само бисёр маъмуланд: имконияти тамошои манзараҳои зебо аз баландии парвоз аксарияти мусофиронро ба худ ҷалб кардааст. Инчунин, канораи чархболҳоро барои гузаронидани ҷашнҳо ва дигар чорабиниҳои шавқовар истифода мебаранд.

Ба интиқолҳои шаҳрвандон кӯмаки тиббӣ тавассути чархбол ҳам маҳсуб меёбад. Дар байни онҳо таъҷилӣ мавҷуд аст: вақте, ки амалиётҳои наҷотдиҳӣ дар ҷараёни офатҳои табии, амали террористӣ ва дигар садамаҳо гузаронида мешаванд. Киштии ҳавоӣ ба канораи худ гирифтани бештари осебдидагон ва интиқоли онҳо ба макони табобат, имконияти зиёд дорад. Ғайр аз он, барои интиқоли бемор чархболро қаблан ба иҷора гирифтан мумкин аст. Канораи махсус муҷаҳазшуда, барои интиқоли бемори вазнин, бе ягон зарар ба саломатии ӯ, пешниҳод мегардад.

Таҳвили шаҳрвандӣ, мукотибот, анҷомҳои шахсӣ инчунин ба соҳаи истифодабарии шаҳрвандии чархболҳо ба ҳисоб меравад. Киштии ҳавоӣ омода ҳаст ҳама гуна борҳоро хоҳ дар канора, хоҳ тавассути кашакҳои беруна интиқол диҳад.

 

Истифодаи чархболҳо барои инкишофи худи авиатсия низ шаҳрвандӣ арзёбӣ мегардад. Парвозҳои машқӣ ва санҷишӣ, тест-драйвҳои кишиҳои ҳавоӣ, ҷаҳиш бо парашют, дигар чорабиниҳои аэроклубҳо, намоиши худи чархболҳо, санҷиши хадамотҳои аэронавигатсионӣ – ин камтарин соҳаҳои истифодаи чархболҳо маҳсуб меёбад.

Билохир, чархболҳоро аксарият барои истифодаи инфиродӣ, яъне барои сайёҳати шахсӣ харидорӣ мекунанд. Чархболро худи сарнишин ё шахси сарватманд, ки сарнишини чархболро кироя мекунад, харида метавонад. Ин ба нақлиёти корпоративӣ ҳам мансубият дорад: соҳиби чархбол ташкилот буда, барои парвоз ва интиқоли кормандон ба иншоотҳои дурдаст истифода бурда мешавад.

Кори ҳарбӣ

Дар кори ҳарбӣ чархболҳои махсус, ҳам ҷангӣ, ҳам тиббӣ, истифода бурда мешаванд. Киштиҳои ҳавоӣ метавонанд ба иншоотҳои хушкӣ ва обӣ ҳамла кунанд. Чархболҳо бо мушакҳо, пулемётҳо, торпедаҳо ва дигар системаҳои яроқу аслиҳа таҷҳизонида шуда, барои несту нобуд кардани нишон аз масофаи дур имконият дорад.

Киштии ҳавоии тиббӣ аз майдони ҷанг захмиҳоро бароварда, амалиётҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳиро анҷом медиҳад. Чархболҳои ҳарбиро дар замони осоишта барои ҳифзи сарҳад ё назорати ҳудуди марзӣ истифода бурда мешавад.

 

Корҳо дар само

Соҳаи васеи истифодаи чархболҳо – корҳо дар само маҳсуб меёбад. Онҳо дар саноати нафтӣ ивазнашаванда мебошанд. Киштиҳои ҳавоӣ ба мавзеҳои баҳрии ҷойгиршавии дастгоҳҳои иктишоф ва истихроҷи нафт, кормандон ва масолеҳро интиқол медиҳад.

Чархболҳоро сохторҳои қудратӣ фаъолона истифода мебаранд. Киштиҳои ҳавоии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои назорати ҳудуд ва парвоз ба нуқтаҳои дурдаст ва дастнорас истифода бурда мешаванд.

 

 

Инчунин, чархболҳо дар наворгириҳои синамо ва барномаҳои телевизионӣ васеъ истифода бурда мешаванд. Стансияҳои радио ва телевизион киштиҳои ҳавоиро барои ҷамъоварии хабарҳои фаврӣ аз ҷойи ҳодиса ба иҷора мегиранд, дастгоҳҳои муосир имконият медиҳанд, ки бевосита дар ҷараёни парвоз репортажро омода намоянд.

Азбаски чархболҳо иқтидори бардоштани борҳои зиёд ҳастанд, онҳоро дар сохтмон фаъолона истифода мебаранд. Киштии ҳавоӣ барои интиқоли масолеҳ ва барои васли онҳо ба иншооти зарурӣ, омода аст. Чархболҳо дар сохтмони иморатҳои осмонхарош ва бурҷҳо, стансияҳои коммуникатсионӣ ва реледор, кӯпрукҳо ва хонаҳои васлшаванда истифода бурда мешаванд.

Баъзан барои аксияҳои рекламавӣ, дар само сохтани хатҳои сигналӣ ва ҳатто пош додани варақаҳо истифода бурда мешаванд.

Чархболҳо дар кишоварзӣ низ барои чошидани пеститсидҳо, гербитсидҳо, нуриҳои минералӣ барои мубориза бар зидди ҳашарот ва ҳайвоноти зараррасон, ҳатто барои пошидани тухмиҳо, истифода бурда мешаванд. Дар ҳолати сӯхтори ҷангал, чархболҳои дорои таҷҳизотҳои махсус, ки об ё дигар воситаи паст кардани сӯхторро мепошад, зарур ҳастанд.

Чархболҳо барои фаъолияти илмӣ зарур аст. Чархбол барои гузаронидани тадқиқотҳои гуногун: геологӣ, ҷангалшиносӣ, обӣ, кишоварзӣ ва ҳатто археологӣ кӯмак мерасонанд. Ба туфайли чархболҳо, омӯзиши ҳайвонҳои ваҳшӣ, назорат аз болои қубурҳо, хатҳои интиқоли барқ, мониторинги вазъи роҳҳо ва марзҳо, гузаронида мешавад.

Дар натиҷа бо чархбол корҳои зерин анҷом дода мешаванд: таҳияи харитаҳои топографӣ, наворгирии барномаҳои телевизионӣ, ҷустуҷӯи канданиҳои фоиданок, омӯзиши заминҳои бесокин, мушоҳидаҳои олами ҳайвонот ва паррандаҳо, интиқоли моҳичаҳо ба дарёҳо, дурнамои вазъи захираҳои об ва замин, назорати иншоотҳои муҳим, омӯзиши радиатсияи кайҳонӣ.

Чархболҳо дар тамоми дунё, дар иншоотҳои гуногун фаъолона истифода буда мешаванд. Агар Шумо хоҳиши иҷораи киштии ҳавоиро барои ҳадафҳои зикршуда дошта бошед, ба брокери ширкати ҳавоии AVIAV TM (Cofrance SARL) муроҷиат кунед. Ба Шумо тамсилаи дилхоҳ пешниҳод мегардад, ки вазифаҳои гузоштаро бомувафаққият иҷро мекунанд!

Муаллиф: Николай Данилов

 

cofradmin

0
Купить самолет

Copyright - vertolet.eu