loader

Фармоиши чархбол дар Нитса  19.03.2019

 

Дар Нитса чархболро касоне ба иҷора мегирад, ки ҳалли ғайриоддӣ ва самараноки масъаларо дӯст медоранд. Чархбол имкон медиҳад, ки масофаро ба зудӣ тай кунед, миқдори зарурии борҳоро интиқол намоед ва аз тамошои шаҳр аз баландии парвоз баҳраманд гардед.

Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) парвозро ба самти Нитса, назар ба дигар ширкатҳо бо нархи 50% (панҷоҳ фоиз) арзон пешкаш менамояд. Мо бо фурудгоҳи Нитса ҳамкорӣ менамоем ва барои мизоҷон хизматрасониро бо шароити муфид пешниҳод мекунем.

Дар Нитса чархболро бо якчанд роҳ фармоиш карда мешавад:

  1. Шумо метавонед иҷораи чархболро тавассути нигаҳдории онлайн дар сомонаи мо фармоиш диҳед;
  2. Ба менеҷери ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) тавассути телефоне, ки дар сомонаи мо сабт шудааст, муроҷиат намоед;
  3. Ба ширкати мо ташриф оред.

Аксарияти мизоҷон иҷораи онлайнро беҳтар медонанд, чунки бо дастрасии шабакаи интернет ва тамоми воситаҳои электронӣ, аз ҷумла, телефони мобилӣ онро анҷом дода мешавад.

Варақаи дархостро пур кунед:

  • хатсайри зарурӣ;
  • санаи парвоз;
  • теъдоди сайёҳон;
  • тамсилаи чархбол;
  • теъдод ва синну соли кудаконе, ки бо Шумо парвоз мекунанд;
  • вазн ва ҳаҷми тахминии бор;
  • хоҳишҳои иловагӣ.

Бо Шумо корманди ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) дар тамос мешавад ва муфассал оиди фармоиш ва нархнома маълумот медиҳад.

Нархномаи иҷораи чархбол

Иҷораи чархбол дар Нитса парвозро ба ҳама самтҳо имкон медиҳад. Ҳам ба шаҳрҳое, ки дар канори Соҳили Лоҷвардӣ ва Прованс ҷойгир шудаанд, ҳам ба осоишгоҳҳои лыжаронии кӯҳӣ, ба осонӣ расидан мумкин аст. Дар байни сайёҳон талабот ба самти Мерибел, Вал-Торанс ва Куршевел зиёд ба назар мерасад. Якчанд нархномаҳои тахминӣ аз Нитса ба самтҳои зерин пешниҳод мегардад:

Чархболҳои якмотора:

Н 125 –  панҷ ҷойи нишаст – 5650 (панҷ ҳазору шашсаду панҷоҳ) евро,

Н 125 – шаш ҷойи нишаст – 6100 (шаш ҳазору сад) евро,

Н 130 – шаш ҷойи нишаст – 6700 (шаш ҳазору ҳафтсад) евро.

Чархболҳои думотора:

AS 355 – панҷ ҷойи нишаст – 10300 (даҳ ҳазору сесад) евро,

AW 109 SP – чаҳор ҷойи нишаст –13300 (сенздаҳ ҳазору сесад) евро,

Bell 429 – шаш ҷойи нишаст –18700 (ҳаждаҳ ҳазору ҳафтсад) евро,

H 155  – шаш–ҳашт ҷойи нишаст –  24700 (бисту чаҳор ҳазору ҳафтсад) евро.

Бояд қайд намуд, ки нархнома аз намуди чархбол вобастагӣ дорад. Ба ин самтҳо аз ҳама нархи дастрас барои як нафар 1015 (як ҳазору понздаҳ) евро ташкил медиҳад. Парвоз тавассути чархболи H-125 бо таҷҳизоти асосӣ, ҷойи нишасти қулай ва маҳви ғул-ғулаи овоз, анҷом дода мешавад.

Намуди люкс барои як нафар мусофир 4015 (чаҳор ҳазору понздаҳ) евроро ташкил медиҳад. Намуди аз ҳама гаронарзиш ин H-155 мебошад. Канораи чархбол бо мебели бошукӯҳи чармин, бар, системаи инфиродии тозакунии ҳаво, системаи равшанидиҳӣ ва системаи мултимедиа, дастрасӣ ба интернет ва интерери беназир муҷҷаҳаз карда шудааст.

Намуди ба худ мувофиқро интихоб намоед ва онро ба сомона ворид кунед. Агар Шумо хоҳиши гирифтани дигар намуди чархболро дошта бошед, пас ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL)-ро огоҳ созед. Ширкат ба Шумо нархҳои муфидро пешниҳод мекунад. Чархболро аз Фаронса ба иҷора гиред ва сайёҳатро бо хушҳолӣ гузаронед.

 

cofradmin

0
Купить самолет

Copyright - vertolet.eu