loader

Сайёҳати чархболӣ дар Фаронса 21.03.2019

Сайёҳати чархболӣ – ин воситаи хуби истироҳати рангин ё тӯҳфаи хотирмон ба пайвандон маҳсуб меёбад. Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) бо хушнудӣ ба таваҷҷӯҳи Шумо хатсайрҳои ғайриоддӣ ва ҷолибро ба ҳама кунҷу канори Фаронса пешниҳод менамояд.

Парвоз тавассути чархбол барои тамошои манзараҳои ҷолиб ва бошукӯҳи шаҳр имконият медиҳад. Равзанаҳои фароҳ барои аксбардории ҷолиб шароити фароҳам аст. Агар хоҳиш дошта бошед, ба осонӣ мушоиати роҳбаладро, ки дар ҷараёни парвози киштии ҳавоӣ дар бораи ҳамаи ҷойҳои тамошобоб маълумоти мухтасар медиҳад, фармоиш диҳед.

Порис, Порис…

Парвоз аз болои Порис – интихоби беҳтарин барои ҷуфти маъшуқ ё издивоҷкунандагон. Тамошои манзараҳои ҷаззоби шаҳр, қасрҳои бошукӯҳ, боғҳо, хиёбонҳо ҳайкалҳо аз баландии парвози паррандаҳо – чунин ҳиссиёти зебо ва нотакрор. Ширкати AVIAV TM омода аст, ки чархболро зинат дода, ба канораи он дастагулҳои тару тоза, нӯшокии шампанро пешкаш намояд, инчунин, суратгирро барои гирифтани аксҳои хотирмон таклиф кунад.

Ҷазираҳои Леринс

Сайёҳони ботаҷриба ҷойҳои наве, ки меҳмонони Фаронса ташриф наовардаанд, ҷустуҷӯ мекунанд. Ҷазираҳои Леринс яке аз чунин ҷойҳои тамошобоби нодир, ки дар аксҳои сайёҳон кам баназар мерасад, маҳсуб меёбад. Сент-Маргарет ва Сент-Онора боҳаловат дар канори соҳили Баҳри Миёназамин ва наздикии шаҳри Канн ҷойгир шудаанд. Ҷазираҳо ғарқи сабза буда, дайри қадими католикон ва хисори Роял, ки дар он маҳбуси машҳур «Ниқоби оҳанин» зиндонӣ буд, аз баландии парвоз бисёр ҷаззоб ва дилангез аст.

Голф  Жуан

Боз як мавзеъ, ки сайёҳон ба он ҷо кам ташриф меоранд – ин шаҳраки Жуан-ле-Пен ва дар ҳамсоягии он Голф-Жуан Валлорис. Осоишгоҳҳо ҷойҳои зиёди тамошобоб надоранд, магар майдони марказӣ бо меъмории қадим ва машҳуртарин нигориши баҳр бо киштиҳои обии гаронарзиш, таваҷҷӯҳи сайёҳонро ба худ ҷалб карда бошад. Норасоии арзишҳои таърихиро табиати бошукӯҳ рӯпӯш менамояд. Кӯҳистон, манзараҳои баҳр, сабзаи авҷ гирифта, аз канори чархбол, мисли дар кафи даст ҷойгирщуда, дилрабо ба назар мерасад.

Сахраи Эстрел

Дар наздикии осоишгоҳҳои Голф Жуан харсангҳои сурх ва беназири Эстрел ҷойгир шудаанд. Манзараҳои маҳал аз баландӣ ғайриоддӣ ба назар мерасанд. Кӯҳсор қисмати фаронсавии Соҳили Лоҷвардиро ба ду ҷудо карда, яке аз ҷойҳои тамошобоби асосии ҳамин мавзеъ маҳсуб меёбад. Бо вуҷуди хоҳиш, ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) як сайёҳати хотирмон бо тамошои ҷазираҳои Леринс, осоишгоҳҳои Голф Жуан ва сахраҳои Эстрелро пешкаш менамояд.

Дараи Вердон

Боз як ҷойи тамошобоби нотакрори табиати Фаронса – ин дараи Вердон мебошад. Бо асрору хатарнокӣ, ӯ дар худ олами малоҳатро маҳфуз нигоҳ медорад. Сайёҳон манзараҳои ҳайратангези сахраҳои оҳаксанг ва маҷрои дарёҳои зумуррадранги байни онҳо шорида истодаро, аксбардорӣ мекунанд. Дар бораи дара қиссаҳои ҷолиб мавҷуданд, ки агар Шумо роҳбаладро барои мушоиати сайёҳат таклиф намоед, ӯ ба Шумо муҳтасар нақл мекунад.

Канн

Шаҳри ситораҳои синамо ва сарватмандон, кӯшкҳои гаронарзиш ва беҳамто, салтанати шукӯҳ, каруфарр ва олуфтагӣ – ҳамаи ин шаҳри Канн аст, ки бо парвози чархболӣ, пайдо кардани шиносоӣ бо он, беҳтар аст. Сайёҳат ҳамаи мавзеҳои «богема»-ро дарбар мегирад: канори соҳили Круазетт, хиёбони Озодӣ, кӯчаи Антиб, теппаи Сюке ва қасри фестивалҳои синамо. Агар сайёҳатро дар AVIAV TM (Cofrance SARL) фармоиш диҳед, метавонед бо хоҳиши худ дар шаҳр монед ва тамошоро пиёда ё тавассути нақлиёти сабукрав идома диҳед.

Нитса

Нитсаи бошукӯҳ ва идона – шаҳри дӯстдоштаи фаронсавӣ барои қишри баргузидаи рус маҳсуб меёбад. Барои тамошои пурраи он, як ҳафта ҳам намерасад, аммо тавассути сайёҳати чархболӣ дар давоми бист дақиқа онро анҷом додан мумкин аст. Канораи чархбол барои тамошои қасрҳо, Соҳили Англисӣ, Майдони Массен, фаввораҳо, боғҳо ва осорхонаҳо, пайдо намудани таассурот оиди пойтахти Соҳили Лоҷвардӣ, имконияти фароҳам аст.

Монако

Монакои беҳамто – ҳадафи беназир барои омӯзиш тавассути чархбол маҳсуб меёбад. Монако, ки дар болои харсангҳо ҷойгир шуда, аз канори баҳр ба сӯи само сар кашида, ба мисли «фирдавси миллионерҳо» аз канораи киштии ҳавоӣ бо тамоми зебогӣ ба назар мерасад. Кӯшки Грималди, роҳи Формула – 1, Монако-Вилл, казинои машҳури Монте-Карло, боғи ҷопонӣ, осорхонаи Кусто, бандар бо киштиҳои обии сап-сафед, – ба Шумо ҳамаи асрорҳои беназири князигарӣ кашф мегардад.

Соҳили Лоҷвардӣ

Дар Фаронса миқдори зиёди ҷойҳо барои тамошо мавҷуд аст, лекин аз ҳама ҷолиб дар канори баҳр ҷойгир ҳастанд. Ҳама осоишгоҳҳои Соҳили Лоҷвардӣ: Боле-сюр-Мер, Антиб, Вилфранш-сюр-Мер, Марсел, Ментон, Сент-Тропе ва ғайра боиси тамошо ҳастанд. Мехоҳед дар як рухсатӣ аксарияти ҷойҳоро тамошо намоед? Ба ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) муроҷиат кунед ва мо парвоз болои ҳамаи шаҳру мавзеҳои ҷаззобу ҷолибро бароятон ташкил менамоем!

Майдонҳои лаванда

Ҳама сайёҳон дар мавсими тобистона ба қисмати фаронсавии Соҳили Лоҷвардӣ, барои тамошои майдонҳои лаванда – муаррифгари Прованс маҳсуб меёбад, сафар мекунанд. Гулҳо, мисл баҳри бунафшранги ғалатӣ, аз баландии парвози паррандаҳо бисёр ҷаззоб ба назар мерасанд. Сайёҳати чархболиро фармоиш диҳед ва аз тамошои «қолини лаванда» ва кӯшкҳои қадим ҳаловат гиред.

Фикру мулоҳизаҳои меҳмонон

Аз рӯйхати беканори сайёҳат ба харсангҳои сурх ва Каннаро, барои тамошои табиат ва шаҳр, интихоб кардем. Дар AVIAV TM фармоиш додем – хизматрасонии хуб, муоширати нек. Барои муайян кардани ҷойҳои тамошобоб ба мо кӯмак карданд, баъд дар ҷараёни рухсатӣ мо чанд маротиба ба ширкат барои маслиҳат дар бобати ба куҷо рафтан, аз куҷо чиро харидорӣ кардан, муроҷиат намудем, чунки мо оиди Фаронса маълумоти кофӣ надоштем. Ба мо беғаразона кӯмак расониданд ва ин бисёр хурсандиовар аст. Ба шумо раҳмати калон.

Виолета, Санкт-Петербург.

Сайёҳати чархболӣ гаронарзиш аст, аммо ҳаловати беҳамто мебахшад. Чӣ хел дар Кофранс САРЛ кор мекунанд, ба ман писанд омад, чунки ягон чизро ба Шумо ба зӯрӣ бор намекунанд, балки он чизе, ки ба шумо лозим аст, пешкаш менамоянд. Мо хостем чанд шаҳрҳои канори Соҳили Лоҷвардиро тамошо кунем, чунки чунин хатсайр дар ягон ҷо мавҷуд набуд. Бе мамоният Виталий ташкил кард. Бисёр аз Шумо миннатдорем!

Николай, Красноярск.

Сайёҳат дар само – ин беҳамто! Чархбол боло мебарояд – дил ба ошӯб меояд. Фавқулодда ва ғайриоддӣ! Манзараҳои ҷаззоби канори соҳил ва Нисса. Мо дар ҳаяҷонем! Бо худ фарзанди шашсолаамонро гирифтем – озмоиши бомуваффақият, аз хурсандӣ ҳатто чиррос мезад. Кофранс – ширкати худ, ҳама чизро ба тезӣ иҷро карданд, бо забони русӣ муошират мекунанд, нархҳо муфид. Парвоз тавассути чархболро якдилона тавсия медиҳем!!!

Оилаи Лутсенко, Остона.

 

cofradmin

0
Купить самолет

Copyright - vertolet.eu