loader

Топ-5: чархболҳои аз ҳама машҳуртарин  20.03.2019

Ҳам дар назди харидорон, ҳам дар назди иҷорагирон доимо савол ба миён меояд: кадом навъи чархболро интихоб бояд кард? Дар маколаи мазкур мо вариантҳои аз ҳама машҳуртарини чархболҳоро дар Аврупо ва Россия баррасӣ хоҳем кард.

Зимни интихоби чархбол мақсади истифодабарии киштии ҳавоӣ аҳамият дорад. Вобаста ба ин, чархбол аз рӯи комплектаксияи канор, иқтидори борбардорӣ, ғунҷоиш, хислатҳои парвозию техникӣ интихоб карда мешавад. Дар поён топ-5-и чархболҳои машҳуртарин дар Аврупо тасвир дода мешавад.

 

Bell 407

Bell 407 – яке аз пешсафони дараҷаи VIP мебошад. Онро ҳам барои мақсадҳои шахсӣ, ҳам барои кор мехаранду ба иҷора мегиранд. Чархбол омода аст, ки ба канораш 6 мусофиронро қабул намояд ва онҳоро ба масофати зиёда аз 1000 километр интиқол диҳад. Баландии ниҳоии парвоз 4,3 километрро ташкил медиҳад. «Хурдтарак»-и тезгард, ки бо муҳаррики Rolls Royse таҷҳизотонида шудааст, қобилият дорад, ки бо суръати то 270 км/с ҳаракат кунад. Дар вуҷуди зарурият чархболро ба болои об низ шинондан мумкин, зеро он заврақчаҳои махсусро дорад.

Дар навъи мазкур таваҷҷӯҳи зиёд ба масъалаҳои бехатарии парвоз дода шудааст. Чархбол бо системаи назоратӣ таҷҳизотонида шудааст, ки тавассути он шароитҳои номатлуби ҳавоиро дар масофати 370 километр ошкор карда метавонад.

Канори чархбол бароҳатии зиёдкардашударо дорад ва барои хизматрасонии мусофирони давлатманд пешбинӣ карда шудааст. Интерери канор бо истифодаи ҷинсҳои қиматбаҳои дарахт ва пӯсти аслӣ ороиш дода шудааст. Парвоз дар Bell 407 – аз суръату озодӣ ҳузуру ҳаловат баред!

Agusta AW199Ke

Бо як навъи боҳашамати истеҳсолкунандаи итолиёвӣ: Agusta AW199Ke низ ба категорияи дараҷаи тиҷоратӣ дохил мешавад. Онро соҳибкорони аврупоӣ ҳам барои парвозҳои оилавӣ ва ҳам барои чорабиниҳои корӣ мехаранд ва ба иҷора мегиранд.

Ғунҷоиши Agusta AW199Ke ҳафт мусофиронро ташкил медиҳад. Чархбол 1000 километрро аз худ карда, ба баландии 6100 метр баромада метавонад. Муҳаррики газотурбинӣ ба ӯ бо суръати то 280 км/с ҳаракат карданро имконият медиҳад. Канор бо шукӯҳи махсус ороиш дода шудааст. Ба ғайр аз курсиҳои чармин ба мусофирон системаҳои видео ва аудио, алоқаи радифӣ ва ҳатто назорати иқлимӣ пешкаш карда мешаванд. Саёҳат бо ҳаловату фоида хоҳад гузашт.

Eurocopter EC 135

Eurocopter EC 135 – дастранҷи якҷояи истеҳсолкунандагони олмонӣ ва фаронсавӣ, ки на танҳо байни соҳибкорон, балки байни кормандони политсия ва, ҳамчунин, хадамотҳои гуногуни маъмурӣ машҳур мебошад. Навъи мазкур устувору боэътимод буда, ҳатто дар шароитҳои душвори ҳавоӣ истифода бурда шуда метавонад.

Чархбол омода аст, ки ба канораш шаш сайёҳонро қабул кунад ва ба баландии зиёда аз 6 ҳазор метр барояд. Суръати миёнаи киштӣ – 278 км/с буда, он бидуни сӯзишвориандозӣ 650 километрро паси сар карда метавонад.

 

Канори навъи мазкур басанда васеъ мебошад. Курсиҳои эргономӣ, оинаҳои васеъи мушоҳидавӣ, сатҳи пасти ғалоғула, системаи муосири бехатарӣ ва дигар лавозимотҳо, парвози шуморо орому хушнуд мегардонанд.

 

Robinson R 44


 

Онҳое, ки ба чархболи сабук эҳтиёҷот доранд, Robinson R 44-ро интихоб мекунанд. Ин навъи амрикоии таъиноташ гуногун, омода мебошад, ки се мусофирро қабул карда, онҳоро бо суръати 240 км/с ба масофати 650 километр интиқол диҳад. Баландии ниҳоии парвозаш 4,2 километрро ташкил медиҳад. Чархбол навъи амфибияро дорад, ки бо номи Robinson R44 Clipper машҳур мебошад. Онро ба болои об низ шинонидан мумкин.

Навъи  Robinson R 44 комплектатсияи боҳашамати канорро надорад, аммо бо тезҳаракатӣ, эътимоднокӣ, қобилияти парвоз ба ҷойҳои аз ҳама душворфатҳ маъруф мебошад. Навъи мазкур дар Россия ва минтақаҳои кӯҳистонӣ дар тамоми ҷаҳон хеле машҳур мебошад. Яке аз афзалиятҳои раднашавандаи он – ин имконияти истифодабарӣ дар доираи васеъи ҳарорат маҳсуб меёбад. Ба хотири оинаҳои васеъи мушоҳидавӣ ва камхарҷии истифодабарӣ, Robinson R 44-ро аксаран барои саёҳатҳои чархболӣ ба иҷора мегиранд.

Ми-8

Ми-8-и Россия на танҳо дар Ватан, балки дар Аврупо маъруф буда, обрӯю эътибори калонро дорад. Вобаста аз комплектаксия, киштӣ омода аст, ки ба дохили канораш аз 10 то 20 мусофиронро қабул кунад ва онҳоро ба масофати 620 километр бо сураъати 240 км/с интиқол диҳад. Баландии ниҳоии парвозаш 6000 метрро ташкил медиҳад.

Ми-8 як чанд комплектаксияро дорад. Навъи боркашонӣ вуҷуд дорад, ки барои интиқол додани борҳо бо вазни то ба се тонн пешбинӣ карда шудааст. Васл кардани овезаи берунӣ имконпазир аст, ҳамчунин палконаи қулай бо табақаҳои кушодашаванда мавҷуд аст.

Навъҳои мусофиркашонии Ми-8 дараҷаҳои эконом ё VIP-ро доранд. Дар ҳар комплектаксия онҳо ду баромадгоҳи садамавӣ, системаи гармдиҳӣ ва ҳаводиҳӣ, мабраз, гардероб, чароғондиҳии идорашаванда ва курсиҳои бароҳати хобшавандаро дарбар мегиранд.

Канори VIP барои парвози мусофирони сатҳи баланд пешбинӣ шудааст. Навъи мазкур на танҳо курсиҳо, балки дивани истироҳатӣ, бахши ошхонагӣ бо яхдон ва СВЧ, телевизор ва системаҳои мултимедии вақтхуширо дорад. Зимни парвоз ба мусофирон аз бар нӯшокиҳо ва хӯриши сабук пешкаш карда мешаванд, дар вуҷуди хоҳиш шумо метавонед ба канор хӯрокро аз тарабхона фармоиш диҳед.

Дар ширкати  AVIAV TM (Cofrance SARL) шумо ҳар як аз навъҳои дар боло тасвирдодашударо бо шартҳои фоидаовар ба иҷора гирифта ё харида метавонед. Агар шумо нисбати яке аз чархболҳои зикршуда рағбат дошта бошед, мо барои шумо навъи заруриро ҳатман пайдо мекунем ва ҷиҳати фавран бастани созишнома кӯмак мерасонем. Доир ба ҳама масъалаҳо хати таъҷилии тамос бо экспертони авиатсионӣ ба таври шабонарӯзӣ кор мекунад.

 

cofradmin

0
Купить самолет

Copyright - vertolet.eu