loader

Харид ва тюнинги чархболҳо  20.03.2019

Агар шумо харидани чархболи шахсиро хоҳиш дошта бошед, авиаброкери AVIAV TM (Cofrance SARL) бо хушнудӣ хизматрасониҳои хешро манзури шумо пешкаш менамояд:

  • Интихоби навъеро, ки пурра ба мақсад, ният ва буҷети шумо муносиб мебошад, кӯмак мерасонем.
  • Экспертизаи мустақили киштии ҳавопаймоӣ ва тест-драйвро мегузаронем.
  • Тартиб додани ҳамаи ҳуҷҷатҳоро ба ӯҳдаи худ мегирем.
  • Қонунгузории авиатсионии кишвари шуморо шарҳ медиҳем ва барои истифодабарии бомувафаққият ҳамаи иҷозатҳоро пайдо мекунем.
  • Агар чархбол дар дигар кишвар бошад, интиқол додани онро ташкил мекунем.
  • Ҷиҳати кирои экипаж, хизматрасонии техникӣ ва нигоҳдории чархбол корбарӣ мекунем.
  • Дар вуҷуди хоҳиш киштии ҳавоиро ба иҷора месупорем.

Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) дар бозори авиатсияи тиҷоратӣ аллакай қариб 10 сол кору фаъолият дорад. Дар ихтиёри мо базаи бузурги чархболҳо дар Аврупо, ИМА, Россия, мамлакатҳои ИДМ қарор дорад. Мо ҳам навъҳои нав, ҳам истифодашударо мефурӯшем. Дар ҳайати мо ҳуқуқшиносони бисёр фаъолият доранд, ки садҳо чунин созишҳоро ба амал расонида буданд. Дар сурати ба вуҷуд омадани мушкилиҳо (ки хеле кам ба назар мерасад) мо доимо тарафдори мизоҷ мебошем ва то ба ҳалу фасл гардидани масъала ӯро дастгирӣ мекунем.

 

Нархҳои чархбол

Нархҳои чархболҳои истифодашуда аз 100 ҳазор евро оғоз меёбанд. Масъалан, RobinsonHelicopter Company-и амрикоӣ, соли бароришаш 2003, ҳолаташ хуб, 215 ҳазор доллар арзиш дорад.

Навъҳои нав на кам аз 500 ҳазор евро нарх доранд. Мисол мегирем: Robinson R44 Raven I – ин чархболи сабуки таъиноташ гуногун мебошад, ки барои се мусофир ва сарнишин пешбинӣ карда шудааст. Чархбол бо басарфагӣ ва тезҳаракатии хеш маъруф гардидааст, суръати миёнаи он 240 км/с-ро ташкил медиҳад. Навъи нав аз 625 ҳазор доллар боло нарх дорад.

Чархбол-«ҳарҷогард»-и AIRBUS Helicopters H125 барои истифодабарӣ дар шароитҳои гуногуни иқлимӣ ва интиқол додани панҷ мусофир пешбинӣ карда шудааст. Муҳаррики боқуввати он дорои системаи сифравии идоракунии FADEC имконият медиҳад, ки ба баландии қариб 7000 метров барояд ва бо суръати то 290 км/с ҳаракат кунад. Нархи навъи мазкур 3 миллиону 67 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

Яке аз пешсафони савдо – ин Bell 429-и номдор мебошад, ки ба кулли стандартҳои ҷаҳонии сифат: доир ба сатҳи эътимодият, бароҳатӣ, самаранокӣ, бесадоӣ ва дигар нишондодҳои аҳамиятдори аввалиндараҷа, мутобиқ мебошад. Ду муҳарррики Pratt & Whitney Canada PW207D1 ба он имконият медиҳад, ки бо суръати 278 км/с ҳаракат кунад ва ба дохили канори бароҳати худ 7 сайёҳонро қабул намояд. Нархи ин киштии ҳавопаймоӣ 9.6 миллион долларро ташкил медиҳад.

Ин танҳо як чанд мисол буд. Дар базаи мо садҳо вариантҳои гуногун барои ҳар хоҳишу талабот вуҷуд доранд. Мутахассиси AVIAV TM (Cofrance SARL) бо тезӣ дар бораи нарх маслиҳат медиҳад ва интихоби он навъеро, ки маҳз барои иҷроиши вазифаҳои шумо зарур аст, кӯмак мерасонад.

Тюнинги чархболҳо

Боз як самти фаъолияти AVIAV TM (Cofrance SARL) – ин тюнинги киштиҳои ҳавопаймоӣ мебошад. Аксаран ин масъала дар чунин ҳолат ба вуҷуд меояд, ки агар чархбол ба соҳибаш умуман маъқул мебошад, вале ӯ хоҳиш дорад, ки баъзе тафсилотҳоро тағӣир диҳад. Имкониятҳои муосир ҷиҳати даровардани таҷҳизотҳои наву опсияҳои зарурӣ, пурра нав кардани канор ва, ҳатто, гузоштани аэрография замина месозанд.

Агар нав кардани киштии ҳавоии амалкунандаро хоҳиш дошта бошед, пас ба AVIAV TM (Cofrance SARL) муроҷиат кунед. Мо чунин экспертони авиатсиониеро пешкаш менамоем, ки доир ба тағӣиротдиҳии зарурӣ, нарх, эътимодият, бехатарӣ ва самаранокӣ маслиҳат медиҳанд. Пас тарҳкашон ва киштикорон ақидаҳоро ба амал тадбиқ мекунанд ва шумо чархболи тайёри мукаммалшудаи хешро қабул мекунед!

 

Менеҷменти киштиҳои ҳавопаймоӣ

Авиаброкери  AVIAV TM дар вуҷуди хоҳиши мизоҷ менеҷменти киштиҳои ҳавопаймоиро иҷро менамояд. Ин он маъноеро дорад, ки мо бар зиммаи худ гирифтани ҳамаи вазифаҳоро доир ба нигоҳдорӣ, истифодабарӣ ва хизматрасонии чархбол омода мебошем.

Дар бисёр ҳолатҳо мизоҷ чархболро танҳо ба хотири вазифаҳои маҳдуд мехарад ва пас аз он афсӯс мехӯрад, ки киштии ҳавопаймоӣ вақти бисер «бекор» мемонад. Ширкати Cofrance SARL барои ба иҷора супоридани чархбол кӯмак мерасонад ва ҷиҳати ба дасти соҳибаш овардани фоида корбарӣ мекунем. Ғайр аз он, хизматрасонии босифати техникӣ ва тамоми сервиси лозимиро барои киштии ҳавопаймоӣ таъмин ва ташкил мекунем.

Инак, доир ба масъалаҳои харид, тюнинг ва менеҷменти чархболҳо метавонед ва  AVIAV TM (Кофранс САРЛ) муроҷиат кунед! Маслиҳати аввалин ба таври масофавӣ ва комилан ройгон гузаронида мешаванд, бинобарин, фақат бо оператори мо тамос кунед ва саволи рағбатдоштаатонро диҳед. Мо ҷиҳати бо тезӣ соҳиби киштии ҳавоии орзуатон шудан ба шумо кӯмак мерасонем!

 

Муаллиф: Николай Данилов

 

cofradmin

0
Купить самолет

Copyright - vertolet.eu