loader

Хизматрасонии ғайриодатии чархболӣ 20.03.2019

Авиаброкери пешсафи аврупоии AVIAV TM (Cofrance SARL) омода мебошад, ки чархболро барои ҳар ҳадаф пешниҳод намояд. Интиқоли мусофирон ва борҳо, саёҳат ва сайру гашти «осмонӣ», кор дар болои ҳаво, иҷроиши вазифаҳои тиҷоратӣ ва ҳалу фасл намудани масъалаҳои шахсӣ – ин он мақсадҳою сабабҳое мебошанд, ки барояшон аксарият фармоишгарон чархболҳоро фармоиш медиҳанд. Дар маколаи мазкур мо дар бораи хизматрасониҳои нодиру ғайристандартии ширкатамон сухан хоҳем кард.

Муоинаи амволи ғайриманқул аз даруни чархбол

Имрӯз то бора шумораи зиёди шахсони давлатманд харидани амволи ғайриманқулро дар Фаронса хоҳиш доранд. Ширкати Cofrance SARL мултиброкер маҳсуб меёбад ва фурӯши манзили истиқоматӣ – яке аз самтҳои афзалиятдори мост. Як вақт директори ширкат ба таври шӯҳӣ ақида карданд, ки амволи ғайриманқул аз даруни чархбол муоина карда шавад, ва шӯхии мазкур тасодуфан мувафаққияти азиму боҳашаматро ноил гашт. Хизматрасонии зикршуда байни фармоишдиҳандагони мо хеле маъруф гардидааст ва дар бораи сабабҳои он мехоҳем ба шумо шарҳ диҳем.

Аксаран чунин ҳолат ба вуҷуд меояд, ки мизоҷ минтақаро интихоб карда наметавонад. Масъалан, ӯ ба амволи ғайриманқул дар Соҳили Лоҷвардӣ рағбат дорад, вале ба назар бояд гирад, ки ҳар як осоишгоҳи баҳрӣ хусусиятиҳои хешро дорад.

Дар натиҷа мизоҷ як чанд иншоотҳоро интихоб мекунад, ки байношон масофати хеле калон ба назар мерасад. Чархбол имконият медиҳад, ки ҳамаи инҳо муддати як рӯз муоина карда шаванд. Интиқоли тези шумо аз як нуқта ба нуқтаи дигар – ин сарфаи вақту қувваи шумо мебошад.

Баъзан иншоотҳо на фақат дар гӯшаҳои гуногуни соҳил, балки, ҳатто – дар як чанд минтақаҳо ҷойгир мебошанд. Чархбол аз як минтақа ба дигараш бо тезӣ ҳаракат кардан ва муддати кӯтоҳ онҳоро муоина карданро имконият медиҳад. Зимни парвоз шумо метавонед аксҳоро таҳлил намоед, маълумоти аҳамиятдорро ба қайд гиред, бо менеҷери шахсӣ доир ба амволи ғайриманқуле, ки аз тарафи AVIAV TM (Cofrance SARL) пешкаш гардида буд, маслиҳат кунед.

Боз як тарафи мусбии чунин саёҳат мавҷуд аст. Чархбол имконият медиҳад, ки биноҳои рағбатдоштаро аз баландӣ назар кунед, масофатро аз онҳо то ба баҳр ва инфросохторҳои наздики иншоотҳоро объективона баҳогузорӣ намоед. Муоинаи мазкур ва аксҳои гирифташуда ҷиҳати бо тезӣ қабул кардани қарори дуруст мусоидат мекунанд.

Хизматрасонии мазкурро дар AVIAV TM (Cofrance SARL)  дар ҳар вақт фармоиш додан мумкин. Барои ин харидани амволи ғайриманқул маҳз тавассути ширкати мо зарур нест. Муоинаи хонаҳо ва минтақаҳо аз болои чархбол – акнун таҷрибаи ҳаррӯзаи мо.

Чархбол ба болои яхта

Боз як хизматрасонии нодире, ки ширкати мо бо хушнудӣ пешкаш менамояд – ин фармоиши чархбол ба болои яхта мебошад. Хизматрасонии мазкур байни мизоҷони давлатманде, ки эҳтиёт кардани вақти хеш ва қадр шинохтани бароҳатиро одат кардаанд, талабот дорад. Агар шумо ба Нитса омада, ба круизи баҳрӣ сафар карданро хоҳиш мекунед, хеле қулай мешавад дар худи фурудгоҳ ба чархбол савор шавед, ки он шуморо ба болои канори яхта интиқол медиҳад.

Чунин саёҳат дар он сурат боз ҳам талаботдор мегардад, агар яхта аллакай дар баҳр баромада бошад ва шумо нақша доред, ки ба дӯстонатон пайваст шавед. Асосаш – киштӣ бо майдончаи чархболӣ бояд таҷҳизотонида шуда бошад ва қадами хурде боқӣ мемонад – фақат як занг ба AVIAV TM (Cofrance SARL): чархбол шуморо аз нуқтаи муқарраршуда қабул мекунад ва рост ба болои канори киштии баҳрӣ бо тарзи асарбахш мефарорад.

Ҳамчунин, чархболҳо барои интиқоли борҳо ё ғизо ба болои яхта, ки мавриди саёҳати дурудароз қарор дорад, истифода карда мешаванд. Бори барзиёд ба бандар ворид шудан ва молҳои заруриро муддати вақти бисёр дар мағозаҳо кофта пайдо кардан, чӣ лозим? Сервис аз ширкати AVIAV TM аз баҳр ҳаловат карданро имконият медиҳад: ҳамаи лозимбударо мехаранд, бор мекунанд ва эҳтиёткорона тариқи чархбол оварда мерасонанд.

Ид дар чархбол

 

Чархболҳоро аксаран барои саёҳат ё сайру гашти ҳавоӣ, ба таври барилова ба ягон чорабинӣ фармоиш медиҳанд. Аммо, чаро ҷашнро рост дар канор ташкил накунем? Аз манзараҳои боҳашамат ҳузуру ҳаловат бурдан, шампанро истеъмол кардан ва табрикоту тӯҳфаҳоро дар болоӣ қабул кардан – ин хеле боромантикию беназир аст!

Ширкати Cofrance SARL ҷашни ҳар шаклу намуд, бо сабабу бе сабаб дар чархбол ташкил карда метавонад. Мо дар дохили тамоми Аврупо кор мекунем: ҷиҳати сафари «шамолчадор» шумо фақат хатсайри лозимиро интихоб мекунед ва сабаби ҷашнро муайян менамоед. Мо омода ҳастем, ки махсус барои шумо барномаи бутунро таҳия намоем, мусиқинавозонро даъват кунем, дастурхонро ороста ва канорро ороиш диҳем, аз болои сари шумо гулҳою тӯҳфаҳои дилписандро бичошем, муҳити беназирро барпо диҳем. Чунин саёҳат ба хотири шумо ва меҳмонони шумо абадӣ хоҳад монд.

Ҷиҳати тарзи истифодабарии чархбол боз фикру ақидаҳои ҷиддиро доред? Ба AVIAV TM (Cofrance SARL) муроҷиат кунед! Мо тайёр мебошем, ки хоҳишҳои аз ҳама қатъию ғайриоддиро ба амал расонем!

 

Муаллиф: Николай Данилов

 

cofradmin

0
Купить самолет

Copyright - vertolet.eu